Баҳогузории низоми бонкии кишвар аз нигоҳи илм дар конференсияи илмӣ-назариявӣ
ДУШАНБЕ, 30.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳолати низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити буҳрони молиявӣ»- таҳти чунин унвон дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ доир гардид.
Тавре аз донишкадаи мазкур хабар доданд, конференсия бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсия баргузор шуда, дар кори он Аламхон Наимӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сироҷиддин Икромӣ, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва олимону коршиносони соҳа иштирок доштанд.
Ректори донишкада Қудрат Давлатзода мақсади конфронсро баррасӣ ва гирдоварии андеша ва пешниҳодҳои иқтисодшиносон ва мутахассисони соҳаи бонкдории кишвар барои ҳалли проблемаҳои рӯзафзуни шароити имрӯзаи низоми бонкӣ арзёбӣ кард. Мавсуф ҳамчунин иброз дошт, ки ташаккули низоми бонкии кишвар ба талошҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии бевосита дорад. Дар марҳилаҳои нахустини даврони истиқлолият бо ташаббусҳои Пешвои миллат асосҳои институтсионалии ташаккул ва инкишофи низоми бонкӣ фароҳам оварда шуда, кафолати давлатии таъмини амнияти моликият ва фаъолият имконият дод, ки дар як давраи кӯтоҳ низоми бонкии кишвар ташаккул ва инкишоф ёбад. Дар ин радиф барориши пули миллӣ, танзими сиёсати пулӣ ва муомилоти пулӣ низ дастоварди муҳим ба ҳисоб меравад.
Самтҳои афзалиятноки рушди бозори молиявӣ ва низоми бонкии кишвар, ки дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 пешбинӣ шудаанд, имконият медиҳанд, ки низоми бонкии кишвар дар ояндаи наздик ба рушди бемайлон ноил гардад.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ дар мавзӯи «Устувории низоми бонкӣ ва нақши он дар рушди ташкилотҳои қарзӣ» маърӯза карда, фаъолияти бонкии имрӯзаи кишварро мушаххасан таҳлил намуд. Ба ақидаи ӯ роҳҳои такмили низоми бонкии кишвар ба баланд бардоштани сатҳи идоракунии корпоративӣ, дуруст ба роҳ мондани идоракунии дороиву уҳдадориҳо, баланд бардоштани маданияти қарздиҳӣ, таҳлили дурусти ҳолати молиявии қарзгир, баланд бардоштани савияи дониши кормандон, тавсеаи амалиёти ғайринақдӣ ва таъмини риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ вобаста мебошанд.
Дар ҷамъбаст аз натиҷаи кори конфронс ба Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдор таклифу тавсияҳои илман асоснок пешниҳод карда шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






