Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб машваратҳои консулӣ доир шуданд
ДУШАНБЕ, 20.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябри соли 2017 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб таҳти роҳбарии сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Холназаров ва муовини Вазир-Сарпарасти Хадамоти консулии Вазорати корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб Аҳмад Саид Алҳам Алзоҳирӣ машваратҳои консулӣ баргузор гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни машваратҳои консулӣ роҳбарони бахши консулӣ масоили ҳамкории дуҷониба, ёрии ҳуқуқӣ ва вазъи ҳуқуқии шаҳрвандонро баррасӣ намуданд.
Инчунин ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкории байниидоравӣ оид ба масъалаҳои хариду фурӯши одамон, сайёҳӣ ва фарҳангӣ мубодилаи афкор намуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






