Бархе аз масъулини соҳаи маориф бо даст задан ба амалҳои коррупсионӣ нуфузи соҳаро коста мегардонанд

Октябрь 19, 2017 17:23

ДУШАНБЕ, 19.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти ду нафар корманди соҳаи маориф хабар медиҳад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии мазкур иттилоъ доданд,  ду моҳ қабл ба Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе шаҳрванд «А» бо ариза муроҷиат намуд, ки нисбат ба декани факултети омодагии дифои ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С.  Раҳимов Ҳабибулло Салимов тадбирҳои қонунӣ андешида шаванд. Зеро номбурда аз ӯ барои дохил намудани шиносаш шаҳрванд «Б» ба гурӯҳи буҷавии Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ 5 ҳазор сомонӣ талаб дорад.

Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ-тафтишотӣ номбурда дар дохили мошинаш баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани 5000 сомонӣ дастгир карда шуд.

Ҳамчунин омӯзгори Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе Хушбахт Бобокалонов бо истифодаи мақоми хизматӣ ба боварии як гурӯҳ шаҳрвандон даромада, аз онҳо барои ба ин муассиса дохил намуданашон ба сифати пора маблағи пулӣ талаб намудааст. Аз ҷумла, аз шаҳрванд С. Асадова-2000 сомонӣ, П. Саъдиева-1800 сомонӣ,  Г. Искандарова-2500 сомонӣ, Д. Сайфуллоев-1800 сомонӣ ба сифати пора талаб намуда, ин маблағҳоро гирифтааст.

Зимни гузаронидани амалиёти тафтишотӣ Х. Бобокалонов ҳангоми дар бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 3000 сомонӣ боздошт гардид.

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба Ҳ. Салимов бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» ва нисбат ба Ҳ.  Бобокалонов бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «а,в,г»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

 

Октябрь 19, 2017 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд