Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ ба ташаккули низоми шарикӣ ва рушди стратегияи иқтисодӣ нигаронида шудааст

Октябрь 27, 2017 14:36

ДУШАНБЕ, 27.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро на танҳо сарҳадоти умумӣ, балки анъанаҳои куҳани тиҷоратӣ, ки аз даврони Роҳи Бузурги Абрешим сарчашма мегиранд, мепайванданд. Анъанаҳо ва низоми тиҷоратие, ки дар тӯли таърих тавассути ин роҳ ташаккул ёфтаанд, дар замони муосир низ аҳамияти худро гум накардаанд ва минтақаро аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофиву иқтисодӣ барои кишварҳои сайёра ҷолиб мегардонанд. Ин суханонро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни кушодашавии Ҷаласаи 16 — уми Конференсияи вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, ки дар ин лаҳзаҳо  дар пойтахти кишвар ҷараён дорад, изҳор намуданд.

Бояд зикр намуд, ки Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ бо назардошти афзалиятҳои минтақа ба ташаккули низоми шарикии байни кишварҳо ва рушди стратегияи иқтисодии он, ки имрӯзҳо дар марҳалаи таҷдид қарор дорад, нигаронида шудааст.

Тавре Роҳбари давлат иброз доштанд, дар доираи ҳавзаи давлатҳои Барнома Осиёи Марказӣ дорои бозори 70 миллион нафар истеъмолкунанда буда, соҳаҳои иқтисодии кишварҳо бо ҳам алоқамандӣ доранд, ки ин омил заминаи муфиди ҳамкориро фароҳам овардааст. Вале савдои байниҳамдигарии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар маҷмӯъ 10 фоизи гардиши савдои умумии ин кишварҳоро ташкил медиҳад, ки ба андешаи Президенти кишвар ин хеле кам аст.

Таъмин намудани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва ташаккули бозорҳои умумии минтақавӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ барои минтақа аҳамияти калидӣ дорад. Дар робита ба ин Пешвои миллат зикр карданд, ки як қатор мушкилоти алоқаманд бо раванди ҷаҳонишавӣ мавҷуд аст, ки танҳо дар сатҳи ҳамкории минтақавӣ ва ташаккули низоми муколамаи байнидавлатӣ паси сар кардани онҳо  мумкин аст.

Сипас, президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао сухан ронда, иброз дошт, ки таҳкими робитаи судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонк дар сатҳи ҳамкории минтақавӣ ба ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ мусоидат менамояд. Бонки Осиёии Рушд ҳамчун шарики стратегӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои гуногун, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ, энергетика ва рушду инкишофи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ робитаи хуби ҳамкорӣ дорад.

Такехико Накао ҳамзамон изҳор дошт, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтори нақлиётӣ  на танҳо аҳамияти ҷумҳуриявӣ, балки  аҳамияти бузурги минтақавӣ дорад. Дар баробари ҳамкории судманди дуҷониба  Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд ҳамчунин  дар доираи татбиқи «Стратегияи шарикӣ барои солҳои 2016-2020» ва  Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ  робитаҳои густурдаи молиявию сармоягузорӣ дорад.

Ёдовар мешавем, ки барои иштирок дар конференсия ҳайатҳо аз кишварҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Муғулистон, Покистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ташриф овардаанд. Дар ҷаласа инчунин ҳайати ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Бонки Осиёии Рушд, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки исломии рушд ва Барномаи рушди СММ иштирок доранд. Дар кори конференсия ба ҳайси нозир намояндагони як қатор давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалии минтақавӣ ҳузур доранд.

Бояд зикр намуд, ки Ҷаласаи 16 — уми Конференсияи вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ дар соли ҷашнии фаъолияти Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ доир мегардад.

Тавре Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Неъматулло Ҳикматуллозода иброз намуд, дар тӯли 20 сол Барнома ба таъмини рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишварҳои минтақа нигаронида шудааст. Дар давраи татбиқ Барнома ҳамчун як барномаи комил ва институтсионалӣ дар заминаи ҳамкории минтақавии ёздаҳ мамлакат ва шаш созмони калидии бисёрҷониба ташаккул ёфта, барои кишварҳои мо дар бунёди ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва амният хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Ба маълумоти Вазири рушди иқтисод ва савдо, дар айни замон дар доираи Барнома механизми сифатноки тавсияи ҳамкории минтақавӣ амалӣ шуда истодааст.

Изҳори умед мекунем, ки вохӯрии имрӯза ба рушду густариши минбаъдаву ҳамгироии ояндаи иқтисодиёти кишварҳо ва тақвияти амалҳои муштарак дар ин самт замина мегузорад.

 

Мавҷуда АНВАРӢ,

Пайрав НАЗАРОВ,

хабарнигорони АМИТ «Ховар»

Октябрь 27, 2017 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад