Барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ бунёди бинои нуҳошёна оғоз ёфт
ХОРУҒ, 17.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳраки ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави Донишгоҳи давлатии Хоруғ сохта мешавад. Бино аз нуҳ ошёна иборат буда, утоқҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳои муосири илмию таҷрибавӣ, китобхонаҳои маъмулию электронӣ, толорҳо барои баргузории конфронсҳои илмию адабӣ ва фарҳангиро доро мешавад. Бартарии дигари бинои нав дар он аст, ки он дар канори хобгоҳи донишҷӯён ҷойгир буда, дар оянда ба шаҳраки донишҷӯён табдил хоҳад ёфт.
Ба гуфтаи проректори донишгоҳи мазкур, доктори илмҳои филологӣ Назрӣ Офаридаев, «ҳоло донишҷӯён дар биноҳои мухталифи шаҳр, ки қаблан ба идораву муассисаҳои шаҳр тааллуқ доштанд ва пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бекор монданд, таҳсил мекунанд. Аксари ин биноҳо ба талаботи низоми таълимӣ мутобиқ нестанд ва илова бар ин, дар фосилаи дур аз ҳам қарор доранд. Барои ташкили озмоишгоҳҳо барои фанҳои дақиқ имконият вуҷуд надорад».
Назрӣ Офаридаев гуфт, ки баъди шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмон ба ин хулоса расидам, ки бинои ояндаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ аз ҷиҳати намуди дохилӣ ва берунии худ дар радифи биноҳои зебои кишвар ҷо мегирад.
Сохтмони бинои мазкурро Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Назрӣ» бар уҳда дорад ва мутобиқи иттилои онҳо, барои марҳилаи аввали корҳои сохтмонӣ 6,5 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Баъди ба анҷом расидани корҳои ҳамворкунии замин ва бунёди таҳхона садҳо нафар ҷавонони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.
Донишгоҳи давлатии Хоруғ зодаи даврони истиқлол буда, соли 1992 таъсис ёфтааст. Ҳоло дар ин донишгоҳ қариб 4 ҳазор нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд. Дар ин давра донишгоҳи мазкурро беш аз 10 ҳазор нафар донишҷӯ хатм намуда, ҳоло дар идораву муассисаҳои кишвар ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ фаъолият доранд.








Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






