Баррасии масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Душанбе

Октябрь 10, 2017 13:42

ДУШАНБЕ, 10.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» ба ифтихори таҷлили Рӯзи соҳибкорон бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи бахши хусусии Тоҷикистон дар мавзӯи «Баррасии масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни ҳамоиш хабар дод, дар он намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи андоз, намояндагони бахши хусусӣ, аз ҷумла, соҳибкорони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, инчунин шарикони рушд иштирок намуда, сухан гуфтанд.

Роҳбари Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон Саидмуъмин Камолов доир ба фаъолияти ин Марказ иброз дошт, ки Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон аз соли 2002 фаъолият дошта, то имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Швейтсария як қатор барномаҳо ва лоиҳаҳоеро, ки ба пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон вобастагӣ доранд, амалӣ сохтааст. «Шурӯъ аз соли 2009 дар доираи барномаи пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон мо таваҷҷуҳи худро ба соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистон равона кардем. Соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистон воқеан як зарфияти хеле бузург дорад, хусусан бо назардошти он ки мо дар Тоҷикистон пахта парвариш мекунем, яъне ашёи хом барои ин соҳа мавҷуд аст. Инчунин ин соҳаи муҳим аз ҷиҳати гуногунсозии содироти миллӣ нақши муҳим мебозад».

Ба андешаи Саидмуъмин Камолов, пешбурди ин самти кор дар ташкили ҷойҳои нави корӣ хусусан барои занҳо хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Бинобар ин дар тӯли солҳои 2009- 2017 онҳо ду марҳилаи барномаи вобаста ба дастгирии соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистонро амалӣ сохтаанд, ки ҳадафи асосии ин барномаҳо, пеш аз ҳама, боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистон, кумаки бевоситаи техникӣ расонидан ба ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин он ниҳодҳое, ки аз ин соҳа дастгирӣ мекунанд, мебошад. «Арзёбии берунии барномаҳои мо дар Тоҷикистон сурат гирифт ва натиҷаи он мусбат арзёбӣ гардид. Масалан, дар тӯли марҳилаи дуюми барнома дар солҳои 2014-2017 корхонаҳое ки шарики барномаи мо буданд, тавонистанд дар зиёда аз 20 намоишгоҳи байналмилалӣ дар шаҳрҳои Москва, Истанбул ва дигар шаҳрҳо ширкат варзанд. Ин боис шуд, то дар тӯли ин солҳо мо ба маблағи умумии зиёда аз 30 млн доллар шартномаҳои содиротӣ бандем»,-зикр намуд ӯ.

Масъалаи дастгирии соҳибкорӣ дар соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ яке аз мавзӯъҳои баррасишавандаи ҳамоиш буда, инчунин вазъи имрӯзаи соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиён муаррифӣ гардид.

Рӯзи соҳибкорон (2) Рӯзи соҳибкорон (1)

Октябрь 10, 2017 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад