Баррасии роҳҳои рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 09.10.2017/АМИТ «Ховар»/. Роҳҳои рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистон фардо дар Душанбе зимни баргузории нишаст бо иштироки намояндагони ширкатҳои хусусӣ, иттиҳодияҳо, ширкатҳои консалтингӣ, ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ матраҳ мегарданд.
Ҳамоиш дар доираи ҳафтаи соҳибкорӣ бо ибтикори Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази тиҷорати байналмилалӣ баргузор мешавад.
Дар нишаст пешсафони соҳаи нассоҷию дӯзандагии Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбута вазъи кунунии соҳа ва роҳҳои рушди онро баррасӣ мекунанд. Зимни муаррифии фазои феълии истеҳсолот, тиҷорат ва бозорёбӣ дар соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ширкатҳои таҷрибадори соҳа, ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон доир ба барномаҳои давлатӣ дар иртибот ба соҳа маълумот пешниҳод мекунанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






