БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ВА ТАҚДИР ГАРДИДАНД. 5 октябр — Рӯзи касбии кормандони оперативӣ

Октябрь 5, 2017 09:32

ДУШАНБЕ, 05.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар арафаи Рӯзи касбии кормандони оперативӣ, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил карда мешавад, ба Академияи Вазорати корҳои дохилӣ рафта, бо курсантону иштирокчиёни озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ» вохӯрӣ доир намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар арафаи Рӯзи касбии кормандони оперативӣ бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ» байни кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ гузаронида шуд.

оперативиВазири корҳои дохилӣ ҳадафи баргузории озмуни мазкурро баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат ва малакаю маҳорати кормандони самти оперативӣ арзёбӣ карда, гуфт, ки тавассути чунин озмунҳо онҳо тарзи амалӣ кардани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, исботи гуноҳ ва ҳимояи ҳуқуқи худро меомӯзанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ доир ба паҳлӯҳои гуногуни самти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, қонунгузорӣ, тарзи қабул намудани қарорҳо ва пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо ба мақомоти прокуратураю суд муфассал маълумот дода шуда, зикр шуд, ки баъди ба табъ расидани китоби «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» фаъолияти кормандони оперативии тамоми сохторҳои марбута хеле сабук гардида, мушкилоти ҷойдошта бартараф карда шуд.

оперативи 2Тибқи ҷамъбасти озмун беҳтарин кормандони оперативӣ муайян гардида, барои хизматҳои софдилона, содиқона, зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ ва дониши аълои назариявӣ дар самти фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, натиҷаҳои баланди хизматӣ, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон ва интизоми намунавӣ, инчунин бахшида ба таҷлили «Рӯзи кормандони оперативӣ» бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони сарисинагии «Корманди беҳтарини оперативӣ» сардори шуъбаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Зафар Неъматов, сардори шуъбаи Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Тоҳир Баротзода, муовини сардори шуъбаи минтақавӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои Ваҳдати Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ворис Мазориев, муовини сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров Оқилҷон Исматзода,  сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт Ҷурахон Каримов, корманди ШВКД дар ноҳияи Файзобод Авазҷон Саидов, корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Мирзораҳим Ҳомидов, корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Суҳроб Шамсиев,  корманди РВКД дар вилояти Суғд Ҷонибек Ҳакимов, корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Беҳруз Воситов сарфароз градонида шуданд.

Ҳамчунин бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба курсанти курси якуми Академияи Вазорати корҳои дохилӣ Миҷгона Самадова барои ба даст овардани медали тиллои Бозиҳои Осиё маблағи пулӣ дар ҳаҷми се ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.

Октябрь 5, 2017 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд вазъи кишти баҳорӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ баррасӣ шуд
Лӯлаҳои обгузари Ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав таъмир мешаванд
Теъдоди бар асари обхезӣ ҳалокшудагон дар Афғонистон аз 300 нафар гузашт
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Форум баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд