Беназоратии волидайн сабаби даст ба ҷиноят задани ноболиғон мегардад. Шарҳи хабарҳои ҷиноӣ

Октябрь 27, 2017 14:52

ДУШАНБЕ, 27.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти ноболиғон бо гуноҳи даст доштан дар дуздии молу ашёи сокинон хабар медиҳад.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар натиҷаи баррасии муроҷиати зани 29-солаи сокини ноҳияи Панҷ  дар он хусус, ки 25 октябри соли равон шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1 адад телефони мобилии тамғаи «Нокиа-6300», ҷавоҳироти тиллоӣ ва 1200 доллари амрикоӣ, ҷамъ ба маблағи 5940 сомонӣ ва 1200 доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, ноболиғ, писарбачаи 15-солаи сокини ноҳияи мазкурро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.

Ҳамчунин ба Шуъбаи ВКД дар шаҳри Кӯлоб маъмурияти мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Кӯлоб (ДОСААФ) муроҷиат намудааст, ки шаби 17 октябри соли равон, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз мошини таълимии борбардори тамғаи «Маз-5334», 2 адад аккумулятори тамғаи «Барс-132» ва «Барс-190»-ро, ки арзишашон 3000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 17-солаи сокини маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Мақомоти милитсия инчунин духтараки 16-солаи сокини ноҳияи Данғараро, ки бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии зани 31-солаи сокини шаҳри Норак даромада, аз он ҷо 1 адад «Ноутбук», ҷавоҳироти тиллоӣ, 2 адад либоси арӯсӣ, 2 адад камзӯли занона, 1 адад костюмро ба маблағи 11 ҳазору 740 сомонӣ дуздидааст, дастгир  намуданд.

Бояд гуфт, ки бино ба таҳлилҳои Вазорати корҳои дохилии кишвар бо вуҷуди бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тадбирандешиҳо бархе аз наврасону ҷавонон аз мадди назари волидайн дур монда, вақти худро дар марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо гузаронида, ба бозиҳои дорои хусусияти зўроварӣ машғул мешаванд.

Танҳо дар 9 моҳи соли равон наздики 5 ҳазор нафар ноболиғ кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ содир намуда, барои ин амалашон аз ҷониби кормандони милитсия дастрас гардидаанд. Нисбат ба 540 нафар ноболиғоне, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷойи зист надоранд, ва аз дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба пойтахт омадаанд, мавод тартиб дода шуда, барои ҷобаҷокунӣ ба қабулгоҳ-таҳвилгоҳи вазорат супорида шудаанд.

 

Октябрь 27, 2017 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад