Бонки миллӣ бо Бонки де Франс ҳамкории судмандро аз нав эҳё мекунад
ДУШАНБЕ, 09.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар самти муносибатҳои муросилотӣ байни бонкҳои тиҷоратии Франсия ва Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.
Тавре аз Бонки миллӣ хабар доданд, имрӯз муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҳайати таҳлилгарони молиявии минтақавии Намояндагии иқтисодии назди Сафорати Ҷумҳурии Франсия дар Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои молиявӣ Сирил Низар– атташе ва Роҳбари намояндагии иқтисодӣ оид ба Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон Ронан Ванесро ба ҳузур пазируфт.
Ҷ. Нуралиев зимни вохӯрӣ ба иштирокчиён оид ба вазъи макроиқтисодию молиявӣ, сиёсати монетарӣ ва қурбӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, суботи молиявӣ ва низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи аз нав эҳё намудани ҳамкории мутақобилан судмандро бо Бонки де Франс, ҷалби кумаки техникӣ дар доираи такмили сиёсати монетарӣ бо роҳи гузаштан ба ҳадафгирии таваррумӣ, мубодилаи таҷрибаи мутахассисони ду кишвар дар низоми бонкӣ ва масъалаҳои дигари низомро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷ.Нуралиев аз таҷрибаи хуби ҳамкории шарикӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки де Франс, ки ҳанӯз соли 1999 тибқи Шартномаи ҳамкории баимзорасида бо Институти бонкдорию молиявии байналхалқии Бонки Франсия то соли 2007 идома ёфт ва дар ин муддат кормандони Бонки миллии Тоҷикистон тавонистанд савияи дониши тахассусии худро такмил диҳанд, ёдовар шуда, изҳор дошт, ки: «умедворем ин ҳамкории мутақобилан судманд дар самти такмили ихтисоси кормандони низоми бонкӣ бо Бонки де Франс аз нав ба роҳ монда хоҳад шуд».
Сирил Низар ва Ронан Ванес изҳор доштанд, ки барои тавсеа бахшидани ҳамкорӣ дар бахши молия, аз ҷумла низоми бонкӣ, инчунин барои иштирок дар курсҳои омӯзишӣ ҷиҳати табодули таҷриба дар мавзӯъҳои барои Бонки миллии Тоҷикистон афзалиятнок мусоидат хоҳанд кард.
Ҷ.Нуралиев таваҷҷуҳи ҳайати таҳлилгарони молиявии минтақавии Франсияро ба масъалаи кумаки техникӣ дар самти табодули таҷриба ва ташкили курсҳои омӯзишӣ барои мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон дар Бонки де Франс ва институтҳои дигари молиявӣ, мусоидат дар таҳияи моделҳо ҷиҳати гузаштан ба ҳадафгирии таваррумӣ, ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои шарикӣ равона намуда, барои дар якҷоягӣ фароҳам овардани фазои мусоиди ҳамкорӣ даъват ба амал овард.








Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст






