Боздошти ду корманди баландпояи «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 11.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти ду корманди баландпояи шуъбаи ҷустуҷўи байналмилалии бюрои миллии Маркази «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин ду нафар сардори шуъбаи ҷустуҷўи байналмилалии бюрои миллии Маркази «Интерпол»-и ВКД ҶТ, подполковники милитсия Алоҳиддин Камолов ва ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими шуъбаи мазкур Ҷовид Ваҳобов буда, онҳо ҳамчун гумонбар барои гирифтани пора дастгир шудаанд.
Аз тарафи муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия аз рӯи парвандаи ҷиноятии нисбат ба А. Нуриддинов, Э. Носиров ва дигарон бо моддаҳои 105 қисми 2 бандҳои «ж,з», моддаи 30 қисми 3 моддаи 105 қисми 2 бандҳои «а,ж,з» Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои тафтишотӣ гузаронида шуда, зарурати ба сифати шоҳид пурсидани шахрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳрвандон «А» ва «Б» ба миён омад ва ба кормандони шуъбаи ҷустуҷўи байналмилалии бюрои миллии Маркази «Интерпол»-и ВКД ҶТ барои ба тафтишот ҳозир намудани шахсони мазкур супориш дода шуд.
Сардори шуъбаи ҷустуҷўи байналмилалии бюрои миллии Маркази «Интерпол»-и ВКД ҶТ, подполковники милитсия Алоҳиддин Камолов бо маслиҳати пешакӣ бо ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими шуъбаи мазкур Ҷовид Ваҳобов бо истифодаи мақоми хизматӣ бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр 29 августи соли 2017 аз шаҳрванд «А» бо роҳи фиреб ва бо баҳонаи он ки ўро ба парвандаи ҷиноятии мазкур на ба сифати гумонбаршуда, балки ба сифати шоҳид ҷалб менамоянд, 15 000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи талабнамуда дар утоқи кории Ҷовид Ваҳобов 5000 сомониашро гирифта, боз овардани боқимонда 10 000 сомониро талаб намудаанд.
Ҳамчунин Алоҳиддин Камолов ба ҳамин монанд аз шаҳрванд «Б» маблағи 15 000 сомонӣ талаб намудааст. Ҳаммаслаки ҷиноятии ӯ Ҷовид Ваҳобов бо маслиҳати пешакии А. Камолов 30 августи соли 2017 аз шаҳрванд «Б» дар назди Беморхонаи ёрии таъҷилӣ дар дохили мошини шахсиаш, тамғаи «Мерседес Бенс», рақами қайди давлатиаш ЕВ 54-80 01 РТ 5000 сомониро гирифта, боз овардани боқимонда 10 000 сомониро талаб намудааст.
Шаҳрвандон «А» ва «Б» аз кирдорҳои ҷиноятпешаи А. Камолов ва Ҷ. Ваҳобов огоҳ гашта, бо ариза ба Агентӣ муроҷиат намуда, хоҳиш кардаанд, ки нисбат ба номбурдагон тадбирҳои қонунӣ андешида шаванд.
Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ-тафтишотӣ худи ҳамон рӯз, яъне 30 августи соли 2017 дар назди Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе майори милитсия Ҷовид Ваҳобов бо маслиҳати пешакӣ бо Алоҳиддин Камолов зимни аз шаҳрванд «А» гирифтани 10 000 сомонӣ дар дохили мошини шахсиаш дастгир гардида, маблағи 10 000 сомонӣ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.
Нисбат ба Ҷ. Ваҳобов ва А. Камолов бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансур ирсол карда шуд.








Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад






