Бунёди боғҳои интенсивӣ: манфиат ва сарфакорӣ

Октябрь 18, 2017 15:37

ХУҶАНД, 18.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Боғдорӣ яке аз ҷанбаҳои сердаромадтарини соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ва фарогирии мардуми деҳот бо ҷойи кори доимӣ мусоидат менамояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар Паёми навбатиашон рушди соҳаи боғу токпарвариро яке аз омилҳои асосии баландшавии иқтисодиёт ҳисобиданд.

Барои дар амал татбиқ намудани «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» аз ҷониби Сарраёсати идораи кишоварзии вилояти Суғд ва сохторҳои марбутаи он бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ, зиёд намудани ҳаҷми меваҳои содиротӣ, таъмин намудани яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар- амнияти озуқаворӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, афзун намудани парвариши ниҳолҳои мевадиҳанда,  ҷорӣ намудани дастовардҳои илм ва таҷрибаи пешқадам дар истеҳсолот ва бо роҳи истифодаи технологияи интенсивӣ ба даст овардани ҳосили баланд дар вилоят тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Бояд гуфт, ки айни замон  ташкили боғҳои интенсивӣ дар давлатҳои пешрафтаи Аврупо  кори маъмулӣ буда, дар Тоҷикистон ин масъала ҳоло таҷрибаи нав ба ҳисоб меравад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» доир ба афзалият ва фарқияти боғҳои интенсивӣ аз боғҳои маъмулӣ ва бунёди ин гуна боғҳо дар вилояти Суғд  бо муовини сардори Сарраёсати идораи кишоварзии вилоят Акмал Иброҳимиён ҳамсуҳбат гардид.

«Гузаштан ба шаклу усулҳои муосир дар ҷодаи бунёди боғу токзор, рӯёндани ҳосили фаровон ва дар баробари таъмини бозори дохиливу коркарди маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ мондани содироти он ба кишварҳои хориҷи дуру наздик талаботи рӯз ва аз муҳимтарин дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини амнияти ғизоии мамлакат маҳсуб ёфта, баъдан шароити низоми бозаргонии замони ҳозира низ ин амалро ҷиддан тақозо мекунад.

Аз ин лиҳоз, бо назардошти манфиати муҳими иқтисодии ҷумҳурӣ, бо мушоҳида аз он ки талаботи бозори ҷаҳонӣ ба меваҳои хушку тару аз лиҳози экологӣ тоза, аз қабили зардолуву шафтолу, себ ва махсусан олуи сиёҳ сол то сол меафзояду барои рушди иқтисодиёти вилояту ҷумҳурӣ аз имкониятҳои хеле мувофиқу дастрас арзёбӣ мешавад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки дар чанд мавзеи вилоят бунёди боғҳои интенсивиро  ба роҳ монад», — таъкид намуд А. Иброҳимиён.

Доир ба афзалияти боғҳои интенсивӣ мавсуф, аз ҷумла, баён дошт, ки яке аз хусусиятҳои он зичии ғунҷоиши ниҳолҳо дар як гектар ба ҳисоб рафта, ҳосилбандиаш низ барвақт шурӯъ мегардад ва дар қиёс бо боғҳои бобоӣ ҳосил фаровонтар ва сифати меваҷоташон баландтар мебошад. Агар дар боғҳои муқаррарӣ дарахтони мева пас аз 8 – 10 сол ҳосил диҳанд, боғи  интенсивӣ дар сурати роҳандозии парвариши дуруст, обёрикунӣ бо усули қатрагӣ ва  истифодаи нуриҳои минералии босифат, аллакай дар соли сеюм даромади хуб меорад. Гузашта аз ин, ҳосилнокии боғи интенсивӣ аз боғҳои одӣ ду маротиба бештар аст. Ҳамзамон қабл аз бунёди боғ бояд вазъи дарахтон ва таркиби химиявии хокро муайян кард. Баландии дарахтони ин гуна боғҳо нисбат ба боғҳои маъмулӣ паст буда, дар боғи интенсивӣ корҳои агротехникии башаклдарорӣ, буридан, чидани мева ва коркарди кимиёвӣ бар зидди касалию ҳашароти зараррасон осон ва пурра гузаронида мешавад. Боғи интенсивӣ талаботи худро дорад: бояд хоки боғи бунёдшаванда серғизою ҳосилхез бошад, чунки тагпайванди дарахтон вегетативӣ, решаҳояшон патакреша буда, на он қадар чуқур ҷойгиранд. Дар вақти нашъунамои дарахтон озуқаи иловагӣ низ додан лозим аст. Баъди ба ҳосил даромадан ду бор озуқаи азотӣ додан ба мақсад мувофиқ мебошад, яъне пеш аз гул ва баъди ғундоштани ҳосил.

Вобаста ба тарзи обёрии ин гуна боғҳо ҳамсуҳбати мо А. Иброҳимиён изҳор намуд, ки  тибқи барномаи таҳияшудаи вилоятӣ «Оид ба обёрии қатравӣ ва бунёди боғҳои интенсивӣ» дар чунин боғҳо нашъунамо ва парвариши ниҳолҳо бо истифода аз таҷрибаи мамолики пешрафтаи Аврупову Амрико ва обёрӣ бо усули қатравӣ ба роҳ монда шуда, чунин тарзи обдиҳии қатрагӣ намнокиро 65-70 фоиз таъмин менамояд. Албатта, бартарии нахустини усули обёрии қатравӣ- ин сарфаи об аст, ки дар шароити Тоҷикистон басо муҳим мебошад. Бо ин усули парваришу обёрии зироату боғу токзор об то панҷ маротиба сарфа мешавад. Табиист, ки дар масъалаи сарфаи неруи барқ низ бартарии обёрии қатравӣ ба мушоҳида мерасад. 

Самти ҷойгиршавии қатори дарахтони тавсияшавандаи бунёди боғ – шимолу ҷануб мебошад, ки ин усул баҳри бо рӯшноии хуб таъмин шудани дарахт мусоидат менамояд. Дар вақти бунёди боғ тавсия дода мешавад, ки таъсири манфии иқлим ба ҳисоб гирифта, дар талу теппа ва баландиҳои гуногун ҷойгир намудани навъҳои ба хунукии зимистон тобовар  дар назар дошта шавад.

А. Иброҳимиён афзуд, ки аз ҷониби ходимони илмии Институти боғпарварӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо соҳибкорон-боғдорон, мутасаддиёни бахши кишоварзии ҷамоатҳои деҳот, саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар самти ташкилу бунёди боғдорӣ ҷиҳати бозомӯзии назариявию амалии коркарди агротехникии боғот, башаклдарорӣ, коркарди кимиёвӣ ва фаҳмонидани афзалияти он  машваратҳои корӣ низ гузаронида мешаванд.

Роҷеъ ба нақшаи бунёди ин гуна боғҳо дар миқёси шимоли кишвар ҳамсуҳбат баён дошт, ки соли ҷорӣ мутобиқ ба Барномаи қабулгардида дар Суғд  ба ҷои 20 гектар, дар  шашмоҳаи аввали соли равон 21,2 гектар боғ бунёд гардид. Аз ин миқдор дар шаҳру ноҳияҳои Исфара 10 гектар, Шаҳристону Спитамен 3 гектарӣ, Деваштич 2,2 гектар ва Панҷакенту Б. Ғафурову Конибодом 1 гектарӣ бунёд гардидааст, ки дар онҳо асосан дарахтони олуву себу зардолу бо усули обдиҳии қатрагӣ парвариш карда мешаванд. Ҳамчунин тибқи иқдоми раиси вилояти Суғд дар шафати шаҳраки навбунёди Сайҳун дар солҳои наздик 1000 гектар боғоти сиёҳолу, зардолу, шафтолу ва бодом бунёд хоҳад гашт.

Ҳоло дар вилояти Суғд 6 адад хоҷагиҳои давлатии ниҳолпарварӣ, инчунин филиали суғдии Институти боғдорию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба парвариши ниҳолҳои мевадиҳанда машғул мебошанд. Ҳоло барои бунёди боғи интенсивӣ дар филиали суғдии Институти мазкур 3 ҳазор бех ниҳоли шафтолуи навъи «Чемпион» ва 3 ҳазор бех навъи “Лола” ва дар хоҷагии деҳқонии Абдуқодир Қурбонови шаҳри Исфара 300 бех себи навъи шакарсеб парвариш шуда истодаанд.

Дар маҷмӯъ, тибқи Барномаи ҷумҳуриявӣ давоми солҳои 2016-2020 дар қаламрави вилояти Суғд  дар майдони 5402 гектар бунёди боғу токзори нав ба нақша гирифта шуда, ҳоло  ба ҷои 1035 гектар боғу токзори нав 1116,7 гектар бунёд шудааст.

Инчунин аз боғҳои бунёдгардида 826 гектарашро боғҳои меваи донакдор ва 166 гектарро тухмидор ташкил дода, 202 гектари он дар заминҳои лалмӣ (яъне, талу теппаҳо) ҷойгиранд.  Ҳамзамон дар давраи мазкур дар майдони 1055 гектар барқароркунии боғу токзор низ таъмин гардидааст.

 

 

Абдуаҳад ДАДОБОЕВ,

АМИТ «Ховар», Суғд

Октябрь 18, 2017 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Форум баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд