Данғара: машғулиятҳо барои омода кардани духтарони сарвар
ҚӮРҒОНТЕППА, 27.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Барои ҷавондухтарони ноҳияи Данғара бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон курсҳои духтарони сарвар гузаронида мешаванд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ин иқдом тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ва «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2022» ба роҳ монда шудааст.
Соли дуюм аст, ки дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чунин курсҳои омӯзишӣ доир мешаванд.
Ташкили курсҳои омода кардани духтарони сарвар дар Данғара имконият медиҳад, ки донишҷӯдухтарони мактабҳои олӣ ва коллеҷҳо ба омӯзиш фаро гирифта шаванд. Машғулиятҳо ҳафтае як маротиба гузаронида мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






