Данғара мизбони Форуми байналмилалии иқтисодии «Данғара-2017» мегардад
ДУШАНБЕ, 05.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи Рӯзи соҳибкорон, ки ҳамасола 14 октябр таҷлил мегардад, 13 октябр дар Данғара Форуми байналмилалии иқтисодии «Данғара -2017» баргузор мегардад.
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони рушд аз созмондиҳандагони ин Форуми байналмилалӣ мебошанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳадафи Форуми байналмилалии иқтисодии «Данғара-2017», муаррифии иқтидор ва имконоти инвеститсионии вилояти Хатлон, бахусус Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба доираҳои соҳибкорону тоҷирони хориҷӣ ва ширкатҳои пуриқтидор мебошад.
Сарчашма хабар медиҳад, ки ба Форуми байналмилалии иқтисодии «Данғара-2017» намояндагони сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ, олимон ва 250 нафар намояндагони доираҳои соҳибкорию тиҷоратӣ аз кишварҳои хориҷӣ, назири Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Афғонистон, Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳо даъват гардидаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






