«Дар ҷаҳони муосир фарҳангҳои инсонсолорӣ ва таҳаммулгароӣ бояд ривоҷ ёбанд»-ҳамоиш дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 18.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр бо ибтикори Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон сеюмин маърӯзаи ҷашнӣ дар мавзўи «Ҳиндустону Тоҷикистон: 25 соли дӯстӣ» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо хабар доданд, дар ҳамоиши ҷашнӣ директори Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ёрмаҳмад Ниёзӣ, Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатҳ Гоҳш, донишмандон ва олимони ҷавон ширкат намуданд.
Директори Институт зикр кард, ки мушкилоти замони муосир ва низоъҳои гуногуни ҷаҳон дар минтақаҳо ва ҷаҳон, ки рўз то рўз печида мешаванд, махсусан олимон ва коршиносонро водор месозанд, ки роҳҳои ҳалли онро пайдо кунанд.
«Ягона роҳе, ки дар ин вазъият боқӣ мемонад, ин истифода аз неруи нарм ё гуфтугўи фарҳангҳою тамаддунҳо мебошад. Зимни ҳамоишҳои илмӣ-фарҳангӣ мо, олимону коршиносон ҷанбаҳои гуногуни фарҳанги кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, бо асолати миллии ҳар фарҳангу тамаддун огоҳ мешавем. Имрўз марҳилае расидааст, ки мо бо бештари фарҳангҳо шинос шавем, зеро танҳо аз роҳи шинохт метавон тамоми мушкилоти имрўзаро зудтар аз миён бардошта, роҳи ҳалли муносибе пайдо кард»,-зикр намуд Ёрмаҳмад Ниёзӣ.
Зимни ҳамоиш зикр шуд, ки дар ҷаҳони муосир фарҳангҳое бояд равнақу ривоҷ ёбанд, ки фарҳанги инсонсолорӣ, таҳаммулгароӣ ва гуногунфарҳангиро барномаи давлативу ҷомеаи мадумписанд қарор диҳанд.
Ба гуфтаи Ёрмаҳмад Ниёзӣ, фарҳанги Ҳинд бо гуногунфарҳангӣ ва таҳаммулгароии худ яке аз намунаҳои беҳтарин барои тамоми кишварҳои ҷаҳон мебошад. Аз ҷумла, Тоҷикистон низ метавонад аз бисёр таҷрибаҳои пешрафтаи кишвари Ҳиндустон дар самтҳои гуногун истифода кунад.
Дар ҳамоиш дар мавзўи «Муштаракоти мусиқии Тоҷикистону Ҳинд» сухан рафт. Гуфта шуд, ки мусиқии Ҳинд дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҷаззобтарин мусиқиест, ки ба дили ҳар як тоҷикистонӣ роҳ ёфтааст ва тахайюлоти рангинеро дар зеҳнияти инсон ангеза медиҳад.








Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд






