Дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ нақши Президенти Тоҷикистон дар таҳким ва рушди Иттиҳод махсус зикр гардид

Октябрь 19, 2017 19:10

ДУШАНБЕ, 19.10.2017./АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Фестивали XIX умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён 16 октябр дар шаҳри Сочии Россия ҷаласаи 23-юми Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ доир гардид. Як рӯз қабл аъзои Шӯро дар маросими кушодашавии фестивал, ки дар Қасри калони бозиҳои рӯи яхи Сочи баргузор шуд, иштирок намуданд. Дар ин маросим, ки қариб 25 ҳазор нафар ҷавонону донишҷӯёнро аз 150 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла аз Тоҷикистон ҷамъ оварда буд, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин сухани ифтитоҳӣ ироа кард.

Сочи Информсовет-4Ҷаласаи Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ-ро, ки дар маркази матбуотии Маҷмааи олимпии Сочи баргузор гардид, раиси Шӯро, директори генералии ТАСС Сергей Михайлов ифтитоҳ намуд. Ӯ тазаккур дод, ки соли 2018 дар қаламрави ИДМ Соли фарҳанг эълон шудааст ва дар робита ба ин, хуб мебуд, агар харитаи интерактивии арзишҳои фарҳангии ИДМ  таҳия шавад, ки дар сурати зарурат метавон иштирокдорони навро ба он ҷалб намуд. «Ҳоло дар кишварҳои ИДМ норасоии муайяни иттилооти хусусияти таҷрибавидошта дар соҳаи фарҳанг мушоҳида мегардад. Мо қодирем, ки  ин холигиро пурра созем», — гуфт ӯ.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, дар бораи фаъолияти АИ «Казинформ» (Қазоқистон) директори он Аскар Умаров сухан гуфт. Директори генералии Агентии телеграфии Беларус (БелТА) Дмитрий Жук ба аъзои Шӯро дар бораи фаъолсозии  равзанаи иттилоотрасон (информер) ва масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои шарикӣ маълумот дод. Директори иҷрояи агентии иттилоотии «Арменпресс» Арам Ананян  лоиҳаи муосиргардонии хадамоти аккосии ин  агентиро муаррифӣ кард.

Аъзои Шӯро ҳамчунин маълумоти директори департаменти иттилоотию таҳлилии Кумитаи иҷроияи ИДМ Александр Заварзинро дар бораи мутобиқсозии ИДМ ба воқеиятҳои муосир ва дигар масъалаҳои рушди ИДМ ва  маълумоти роҳбари бахши кишварҳои ИДМ ва Балтияи ТАСС Борис Грушинро доир ба татбиқи лоиҳаҳои Шӯрои иттилоотии ИДМ шуниданд.

Сочи Информсовет -2Директори Агентии миллии иттилоотии «Ховар» (Тоҷикистон) Саидалӣ Сиддиқ дар суханронии худ   дар бораи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ, ки чанде пеш дар Сочӣ баргузор гардид ва дар он раёсат дар соли 2018 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт, ёдовар шуд. Ӯ гуфт, ки дар ин ҷаласа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қабули ин қарор изҳори миннатдорӣ намуда, иттилоъ доданд, ки аллакай Консепсияи раёсати Тоҷикистон ва Нақшаи татбиқи он таҳия карда шудааст. Директори АМИТ «Ховар» иштирокдорони ҷаласаи Шӯроро даъват намуд, ки ҳангоми омода намудани лоиҳаҳо ва нақшаҳо барои соли оянда ба он афзалиятҳое, ки дар ин Консепсия дарҷ гардидаанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.

«Дар бораи ин афзалиятҳо Президенти мо зимни суханронии худ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ муфассал  ҳарф заданд, — зикр намуд С. Сиддиқ. – Инҳо, пеш аз ҳама, Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳилаи сеюми Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2020, ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, азхудкунии манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҳамгироии кишварҳоямон дар соҳаи интиқоли мол, ҳамлу нақли автомобилӣ ва роҳи оҳан, чаробаниҳое, ки ба пешбурди масъалаҳои амнияти озуқаворӣ нигаронида шудаанд, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ ва муҳоҷират, ҳамоҳангсозии амалҳо дар соҳаи илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва иттилоот, кор бо ҷавонон, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тавсеаи робитаҳои сайёҳӣ, беҳтар намудани муҳити зист ва огоҳ намудан аз ҳолатҳои фавқулода мебошанд».

Ин пешниҳод аз ҷониби аъзои Шӯро пазируфта шуд. Дар идомаи ин мавзӯъ раиси Шӯро, директори генералии ТАСС Сергей Михайлов ва муовини аввали ӯ Михаил Гусман ба раёсати муваффақонаи Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2018 изҳори умедворӣ карда, саҳми бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳким ва рушди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зикр намуданд.

Дар кори ҷаласаи Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ муовини аввали Роҳбари Маъмурияти Президенти Федератсияи Россия, раиси кумитаи  тадорукоти Фестивали XIX умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён Сергей Кириенко иштирок ва суханронӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ моҳи ноябри соли 1995 бо қарори сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори ИДМ таъсис ёфтааст. Ба ҳайати он роҳбарони  агентиҳои иттилоотии давлатии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия ва Тоҷикистон шомил мебошанд. Фаъолияти Шӯрои иттилоотии ИДМ ба таъмини ҳамгироӣ ва ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи иттилоот, фароҳам овардани шароити мусоид барои интишори бемамонияти иттилоот ва табодули самараноки таҷрибаи фаъолияти касбӣ, инчунин таҳкими шарикии иттилоотӣ равона карда шудааст. 

Октябрь 19, 2017 19:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Теҳрон машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд