Дар Берлин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика миёни Тоҷикистону Германия баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 19.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Раиси Раёсати Агентии энергетикии Германия Андреас Кулманн 17 октябр дар Берлин баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни суҳбат дар баробари муҳокимаи масъалаҳои дуҷониба, ҳамчунин оид ба таҳким ва густариши муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаи энергетика, аз ҷумла, энергетикаи сабз, пайомадҳои тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои таҷдидшаванда ва таъмини рушди устувор табодули назар сурат гирифт.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






