Дар Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати нави маблағгузории Бонки осиёии рушд муаррифӣ гардид

Октябрь 6, 2017 15:30

ДУШАНБЕ, 06.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Роҳҳои беҳтар намудани идораи хавфи асъорӣ ва банақшагирии молиявии қарзҳои имтиёзнок барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз   дар мулоқоти муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони Бонки осиёии рушд (БОР) баррасӣ гардиданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар мулоқот инчунин   муовини сархазинадори Департаменти хазинадории БОР   Казуки Фукунага ва сармутахассиси Департаменти хазинадории БОР  Раҷеш Поддар, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ қарор доранд, ширкат намуданд.

Зимни вохӯрӣ сармутахассиси Департаменти хазинадории Бонки осиёии рушд Раҷеш Поддар сиёсати нави маблағгузорӣ таҳти унвони «Интихоби иловагии асъор барои маблағгузории имтиёзнок»-ро  муаррифӣ  намуда, оид ба хизматрасонӣ ва имтиёзҳое наве, ки БОР барои кишварҳои аъзо пешниҳод менамояд, маълумоти мушаххас дод.

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев диққати ҳайати Бонки осиёии рушдро ба маблағгузории низоми бонкии кишвар равона намуд, ки айни замон дастгирии бонкҳои ҷумҳурӣ зарур арзёбӣ мегардад.

Дар интиҳои нишаст ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки барои тақвият додани ҳамкории дуҷонибаи судманд дар самтҳои барои тарафҳо манфиатовар чунин вохӯриҳоро идома диҳанд.

Октябрь 6, 2017 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад