Дар деҳаи дурдасти Вранги Ишкошим барои кормандони шуъбаи милитсияи деҳот бинои сеошёна ба истифода шуд

Октябрь 10, 2017 11:05

ХОРУҒ, 10.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Вранги ноҳияи Ишкошим бинои нави сеошёнаи шуъбаи милитсияи деҳот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ифтитоҳи бинои замонавӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед, муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода ва муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Мирзоев ширкат варзиданд.

Абдураҳмон Аламшозода зимни ифтитоҳ изҳор дошт, ки сохтмони бино  бо ҳидояти бевоситаи Пешвои миллат соли гузашта оғоз ёфта, дар муҳлати кӯтоҳ ба истифода дода шуд. Бино барои кормандони шуъбаи милитсияи деҳот пешбинӣ шуда, дорои ҳама гуна шароити техникию маишӣ мебошад.

милитсия 3 копияҶараёни сохтмонро Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода таҳти назорат гирифт ва тамоми маҳсулоти зарурии сохтмонӣ аз маркази кишвар ба ин деҳаи дурафтода бе таъхир интиқол меёфт.  Бино аз се ошёна иборат буда, дар дохили он утоқҳои барҳавои корӣ, маҷлисгоҳ ва ошхонаву ҳуҷраи истироҳат мавҷуданд. Зимни боздиди бино раиси вилоят ва раҳбарони ниҳодҳои амниятию интизомӣ ба сифати кори бинокорон баҳои баланд дода,   ба кормандони шуъбаи милитсияи деҳот барори кор хостанд.  Аз онҳо тақозо шуд, ки дар риояи тартиботи ҷамъиятӣ саҳми софдилонаи худро гузоранд ва дар шарҳу тавзеҳи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу уҳдадориҳояшон ба сокинони маҳаллӣ кумаки  худро расонанд.

Азбаски деҳаи мазкур аз маркази ноҳия ва вилоят хеле дур ҷойгир аст, иддае аз оилаҳои камбизоат дар таҳияи асноду ҳуҷҷатҳои зарурӣ бо мушкил рӯ ба рӯ мегарданд. Аз ин рӯ яке аз вазифаҳои кормандони шуъбаи мазкур дастгирӣ намудани ин қишри ҷомеа мебошад.

Октябрь 10, 2017 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид