Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи коршиносони вазоратҳои корҳои дохилӣ оид ба коркарди лоиҳаи Низоми ягонаи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ доир гардид

Октябрь 20, 2017 17:34

ДУШАНБЕ, 20.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. 19-20 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносони вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба коркарди лоиҳаи Низоми ягонаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ коршиносони вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон ва Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

Дар ҷаласа муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Икром Умарзода иброз дошт, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро содиршавии ҷиноятҳои террористӣ, экстремистӣ, муташаккилонаву дигар ҷиноятҳои хавфнок сахт ба ташвиш овардааст. «Ошкору пешгирии чунин ҷиноятҳои муташаккил вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як сохтори қудратӣ ба шумор рафта, мебояд ҳамаи мо дар ҳамбастагӣ фаъолият намоем ва баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти марзу буми ватани худ бо ин зуҳуроти номатлуб дастаҷамъона мубориза барем»,-зикр намуд ӯ.

Дар ҷараёни ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносони вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мутахассисони соҳа оид ба баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, бартарафсозии мушкилоти ҷойдошта, дар ҳамбастагӣ фаъолият намудани мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар паҳлӯҳои мавзӯъҳои баррасишаванда изҳори андеша намуданд.

Ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносони мазкур дар сатҳи баланд доир гардида, ҷиҳати муташаккилона мубориза бурдан бо таҳдиду хатарҳои замони муосир мусоидат менамояд.

 

 

Октябрь 20, 2017 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд