Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 09.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Шӯро ҷиҳати баррасии масъалаҳои мубрами соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мамлакат баргузор шуд.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни ҷаласа нахуст ҳисоботи фаъолияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин соҳа барои солҳои 2016 — 2017, фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе, инчунин маълумоти Кумитаи миллии олимпии кишвар шунида шуд.
Ҳангоми ҷаласаи Шӯро инчунин ҷараёни омодагии Тоҷикистон ба Бозиҳои тобистонаи олимпии «Токио – 2020» ва таъсиси Кумитаи тадорукоти омодагӣ ба баргузории ин бозиҳо дар назди Ҳукумати кишвар ва тасдиқи нақшаи кории Шӯро барои соли 2018 муҳокима гардид.
Зикр гардид, ки дар асоси нақшаи кории Шӯро барои соли 2018 масъалаҳои бисёр мубрами соҳа, аз қабили таҳияи Низомномаи меъёрҳои миллӣ оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифоъ, таъсиси гурӯҳи корӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» дар таҳрири нав, таҳияи Феҳристи ягонаи иншооти варзишӣ ва тартиби фаъолияти онҳо (новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, хусусан иншооти хусусии варзишӣ) ва масъалаи минбаъд баргузор намудани Бозиҳои варзишии толибилмон ва донишҷӯён, махсусан Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ мавриди баррасии ҳамаҷонибаи аъзои Шӯро, вазорату идораҳои дахлдор, федератсияҳо ва ассотсиатсияҳои варзишӣ қарор гирифт.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






