Дар Душанбе масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 07.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Роҳҳои баланд бардоштани таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз дар Душанбе зимни баргузории ҳамоиш таҳти унвони «Тоҷикистон- 2030: таъмини амнияти озуқаворӣ ва истеъмоли ғизо» баррасӣ гардид.
Ҳамоиш бо иқдоми Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, дар он олимон ва коршиносону мутахассисони варзидаи ниҳодҳои гуногуни кишвар ширкат намуда, доир ба роҳҳои афзалиятноки таъмини амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон ибрози назар намуданд.
Ба андешаи Фарида Муминова, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқаворӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар яке аз масъалаҳои калидӣ ба шумор рафта, дар ин самт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои самарабахш андешидааст.
Таъкид шуд, ки қабули як қатор барномаҳои давлатӣ дар самти таъмини амнияти ғизоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ нигаронида шудаанд, қадами муассирест дар масъалаи таъмини яке аз се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини амнияти озуқаворӣ. Зикр шуд, ки яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва дар ин замина баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, дастрасии тухмии хашсифат, тақвияти комплекси чорводорӣ, хусусан афзоиши саршумори чорвои хушзот, оқилона ва самаранок истифода намудани заминҳои корами обӣ, бунёди боғу токзор дар заминҳои лалмӣ, ташкил ва афзоиш додани масоҳати гармхонаҳо, инчунин бунёди сарддхонаҳо барои тару тоза нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини хоҷагиҳо ва дар маҷмӯъ бахши аграрии кишвар бо техникаи муосири кишоварзӣ мебошад.
Дар ҳамоиш олимону коршиносони соҳа доир ба паҳлӯҳои гуногуни таъмини амнияти озуқаворӣ, хусусан нақши об дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар, асоснок намудани меъёрҳою арзиши амнияти озуқаворӣ ва таъминоти нақлиётии амнияти озуқавории Тоҷикистон табодули назар карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






