Дар Душанбе нахустин ҳамоиши ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ баргузор гардид

Октябрь 5, 2017 10:09

ДУШАНБЕ, 05.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр бахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи забони давлатӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мактаби байналмилалии президентӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе нахустин ҳамоиши ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат дар ҳифз ва гиромидошти забони тоҷикӣ ҳамчун сарвати бебаҳои миллат ва давлат» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиши мазкур намояндагон аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш,  Вазорати маориф ва илм ва Кумитаи забон ва истилоҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок намуданд.

олимпиадачиёнРаиси  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода изҳор намуд, ки ҳамоиши мазкур бо роҳнамоиву ҳидоятҳои Пешвои миллат ба хотири дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, қавигардонии дӯстии ҷавонони минтақаҳо, ба ин восита пайдо намудани истеъдодҳо ва рушд додани онҳо доир гардида, аз иқдомоти арзанда дар роҳи муаррифии ҷавонону наврасони донишманд, муҳассилини болаёқати муассисаҳои таълимии кишварамон арзёбӣ мегардад.

«Ҳамоиши «Саҳми Пешвои миллат дар ҳифз ва гиромидошти забони тоҷикӣ ҳамчун сарвати бебаҳои миллат ва давлат» бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ роҳандозӣ шудааст. Маҳз бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муносибат ва ғамхорӣ нисбат ба забони тоҷикӣ, ҳифзи асолату гиромидошту тозагии ин рукни муқаддаси давлатӣ сабаб гардид, ки имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун далели арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ эътироф гардидааст»,- гуфт Аҳтам Абдуллозода.

Дар ҳамоиш беш аз 300 нафар хонандагони фаъол ва донишҷӯёне, ки дар озмуну олимпиадаҳои мухталифи фаннӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ҷойҳои намоёнро соҳиб шудаанд, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар интиҳои ҳамоиш муроҷиатномаи ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ қабул гардида, сипас аз ҷониби ҷавонон ва наврасони фаъоли шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

 

 

Октябрь 5, 2017 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд