Дар Хатлон ба занони соҳибкор грантҳои раиси вилоят супорида шуданд

Октябрь 17, 2017 16:14

ҚӮРҒОНТЕППА, 17.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз,  17  октябр  раиси  вилояти   Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода дар  маросими  ботантана    ба  21 нафар соҳибкорзанони  вилоят  грант супорид. Тавре  аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти  Хатлон  иттилоъ  доданд, бо мақсади  дастгирии  занони  соҳибкор соли 2016 қарори  раиси вилояти Хатлон дар бораи таъсис ва ҷудо намудани  грантҳои  раиси вилояти Хатлон оид ба  рушди фаъолияти   соҳибкории занон барои  солҳои 2016-2017  қабул гардид. Бо ин мақсад 250 ҳазор сомонӣ ва 21  гранти  раиси вилоят таъсис дода шуд.

Соли 2016  аввалин  грантҳо  ба  занони  соҳибкор   дода  шуданд.  Соли  равон низ комиссияи грантӣ аз 57 лоиҳаи воридгардида 21 лоиҳаи соҳибкорзанонро беҳтарин дониста, ғолибонро муайян намуд. Ёдовар мешавем, ки мақсад аз ҷудо намудани грантҳои раиси вилояти Хатлон дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон буда, он аз 5 грант дар ҳаҷми 20 000 (бист ҳазор) сомонӣ,  11 грант дар ҳаҷми 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ, 5 грант дар ҳаҷми 8000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ иборат  мебошад. “Мақсад  аз  таъсиси  грантҳо  мусоидат намудан  ба  рушди соҳибкорӣ дар  байни  занон  мебошад. Ҳамаи лоиҳаҳои  пешниҳодшуда барои пешравии  соҳаҳои гуногун  нигаронида  шудаанд  ва  боварӣ  ҳаст, ки дар  оянда  низ ин  иқдом  дастгирӣ  меёбад”, –иброз дошт  Д. Гулмаҳмадзода.

 

Октябрь 17, 2017 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд