Дар Хатлон чор ҳазор адад фиттаҳои пастсифат мусодира шуданд
ҚӮРҒОНТЕППА, 09.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуқтаҳои фурӯши маводи аудиовизуалӣ ва бозиҳои компютерии шаҳру навоҳии Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Ҷалолиддини Балхӣ ва Бохтар санҷиши якҷояи Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» ва Корхонаи фаръии давлатии кино ва видеои вилояти Хатлон идома дорад. Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳоимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, мақсад аз баргузории санҷишҳо пешгирии фаъолияти ғайриқонунии соҳибкороне мебошад, ки ба фурӯши маводи аудиовизуалӣ, паҳн намудани фиттаҳои ғайристандартии дорои мазмуни роҳзанӣ, ваҳшоният ва зӯроварӣ машғул мебошанд.
Ба иттилои манбаъ, дар нуҳ моҳи соли равон дар ҳамкорӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳру навоҳии вилоят 400 ҳолати санҷиш гузаронида шуда, зиёда аз 4000 адад фиттаҳои пастсифат мусодира гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






