Дар Хуҷанд «Маркази савдои Ӯзбекистон» ифтитоҳ гардид

Октябрь 9, 2017 12:17

ХУҶАНД, 09.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар маркази маъмурии вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд «Маркази савдои Ӯзбекистон» ифтитоҳ гардид. Дар маросими расмии ифтитоҳи он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, соҳибкорони ҳарду ҷониб ва фаъолони шаҳр ширкат доштанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, зимни ифтитоҳи нахустин маркази савдои ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шимоли мамлакат Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов иброз дошт, ки «амали мазкур маҳз дар доираи ҳидоятҳову саъю талошҳои муштараки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев   ҷиҳати дар сатҳи сифатан нав қарор додани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя рӯи кор омадааст».

 Ба иттилои сафир, имрӯз дар раванди ҳамкории ду кишвар давраи нави рушди муносибатҳо фаро расида, аз ҷумла, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷонибдори рушду тавсеаи ҳамкории иқтисодиву иҷтимоӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, итминон дорад, ки  ин ҳамкорӣ дар оянда такмил ёфта, барои амалишавии лоиҳаҳои нав, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодиёту тиҷорат, нақлиёту алоқа ва фарҳанг замина мегузоранд.

«Ифтитоҳи марказ гувоҳи он аст, ки ҷониби Ӯзбекистон мехоҳад дар вилояти Суғд корхонаҳои муштарак, пеш аз ҳама, дар соҳаи кишоварзиро рӯи кор орад. Мо имкон дорем, ки тамоми анвои мошинолот ва истеҳсолоти хоҷагии халқро дастрас ва ё дар ин сарзамин тариқи муштарак истеҳсол намоем», — зикр намуд   Шоқосим Шоисломов.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иброз намуд, ки иқдоми зерин ба манфиати мардуми ҳарду ҷониб буда, мақомоти шаҳри Хуҷанд омодааст, ки бо назардошти анъанаҳои таърихии дӯстии устувор барои таҳкиму густариши ҳамкорӣ ва ба хотири ҳамсоягӣ аз ҳама имкониятҳои мавҷуда истифода намояд.

Бояд гуфт, ки ҳоло дар ин маркази нав молҳои саноативу сохтмонӣ, озуқаворию варзишӣ, заргарию нассоҷӣ ва қисмҳои эҳтиётии мошинҳо ба фурӯш гузошта шудаанд.

Октябрь 9, 2017 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!