Дар Истаравшан Фестивал-озмуни шаҳрии «Атласу адраси Суғд-2017» баргузор шуд
ИСТАРАВШАН, 06.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои занону духтарон ва фарогирӣ ба касбомӯзию шуғли доимӣ, эҳё ва тарғиби ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрасбофии дастӣ дар толори фарҳангии «Осоишгоҳи Ӯротеппа»-и шаҳри Истаравшан Фестивал-озмуни шаҳрии «Атласу адраси Суғд-2017» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии шаҳри Истаравшан Шералӣ Азимӣ хабар дод.
Дар фестивали мазкур тарроҳон дӯхти либосҳои хоси минтақаҳои гуногуни ҳудуди вилояти Суғд, либосҳои кӯдакона, арӯсию домодӣ, расмӣ, миллии қадимӣ, идона ва ғайраро пешкаши ҳозирин гардониданд.
Аз ҷониби ҳайати ҳакамон зебоӣ (намуди эстетикӣ) ва дизайни либос, нотакрорӣ ва ғайримуқаррарӣ, тобиш ва обуранг, истифодаи ҳунарҳои гулдӯзии дастию қуроқдӯзӣ, интихоби ашёҳои ороишӣ ва пардоз ба инобат гирифта шуда, Шоҳҷоиза ба тарроҳ Насиба Искандарова супорида шуд.
Инчунин дар бахшҳои «Беҳтарин либоси кӯдакона» ва «Беҳтарин либоси идона» — тарроҳ Наргиза Зокирова, дар бахши «Беҳтарин либоси миллии қадимӣ» — тарроҳ Сабрина Муҳаммадиева ғолиб гардида, барои иштирок ба Фестивали вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Ба ғолибон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии шаҳри Истаравшан диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.











Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






