Дар Иттифоқи нависандагон аз муаллифи «Садои пои вожаҳо» ёд мекунанд

Октябрь 10, 2017 17:04

ДУШАНБЕ, 10.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр, соати 17:00 дар бинои Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили ёдбуди шоири шодравон Искандари Хатлонӣ баргузор мегардад.

Дар маҳфил адибон, пайвандон, ёру рафиқон, ҳамсабақон, ҳампешагон ва ҳаводорони шеъри ин шоири ширинкалом ҷамъ меоянд. Дар назар аст, ки дар маҳфил адибон Абдулҳамид Самад, Сафар Аюбзода, Муҳаммад Ғоиб, Гулназар, Гулрухсор ва дигарон аз ҳаёт ва фаолияти ў маълумот дода, хотираҳои худро баён кунанд. Ҳамчунин ҳунармандон аз эҷодиёти ў сурудҳо мехонанд.

Искандари Хатлонӣ ё Искандар Идиев 12 октябри соли 1954 дар шаҳри Кӯлоб дар хонаводаи омӯзгор ба дунё омадааст. Меҳру муҳаббат ба фарҳангу адаб ва шеъру шоирӣ ӯро ба Донишкадаи адабиёти ҷаҳонии ба номи  Максим Горкийи шаҳри Москва бурд. Ҳамзамон баробари донишҷӯӣ вай барои бахши бурунмарзии радиои «Ин ҷо Москва» хабарнигорӣ мекард.

Ӯ на танҳо донандаи забони модарии хеш, балки яке аз беҳтарин мутарҷимони забони русӣ ба дарӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Дар оғози соли 1990 Искандар нахустин нашрияи озоди тоҷикӣ- «Мужда»-ро таъсис дод, ки ба хатти тоҷикӣ ва форсӣ нашр мешуд. Ӯ бисёр ифтихор мекард, ки пуле миёни форсизабонони ҷаҳон устувор кардааст.

Ӯ соли 2000 — ум дар синни 46 аз олам даргузашт.

Аз Искандари Хатлонӣ чанд маҷмӯаи шеърӣ- «Парвоз» (1981), «Шукуфа» (1986), «Садои пои вожаҳо» (1988) ва «Кушоиш» боқӣ мондаанд. Пас аз маргаш бародараш Алишер Идизода маҷмӯаи наверо, ки ҳама ашъори ӯро аз овони мактабхонӣ то лаҳзаи марг дар бар мегирифт, таҳия намуд.

Октябрь 10, 2017 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад