Дар Конибодом Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд кушода шуд

Октябрь 19, 2017 15:58

ДУШАНБЕ, 19.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, Ташкилоти ҷамъиятии «Имдоди Ғайрат» ва бо кумаки Сафорати  Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом маркази будубоши рӯзона барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Конибодом хабар доданд, марказ аз толорҳои бозӣ, мусиқӣ, китобхона, ошхона, ҳуҷраҳои дамгирӣ, ҳунаромӯзӣ, санитарӣ, равоншинос, асабшинос, логопед, тренинг  ва маъмурият  иборат мебошад. Дар сохтмони бино аз ҷониби Сафорати Япония 81 ҳазор доллари амрикоӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар ҳаҷми 130 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки чунин ҳамкории судманд бо Сафорати Япония бори аввал набуда, ду сол қабл маҳз бо кумаки бевоситаи онҳо шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом таъмиру таҷдид гардида, илова бар ин бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин шуд.

Маркази инкишоф ва барқарорсозии кӯдакони дорои имконияти маҳдуд имкон медиҳад, ки минбаъд чунин кӯдакон миёни ҳамтоёни хеш дар муҳити созгор худро боз ҳам хушбахттар эҳсос намуда, новобаста аз имкониятҳои хеш чун инсонҳои асил ба воя расанд.

Дар шаҳри Конибодом Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд кушода шуд

Октябрь 19, 2017 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!