Дар нақби Шаҳристон дастаи сӯхторхомӯшкунӣ таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 23.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода, ки 10 феврали соли 2017 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд, Президенти кишвар аз афзоиши ҳодисаҳои табиӣ дар давоми панҷ соли охир, ки талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди иқтисодӣ дар пай гузоштаанд, изҳори таассуф намуда, аз масъулини сохторҳои дахлдор бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, пешгирии хавфу хатарҳои ба рушди иқтисодиёти мамлакат таъсиррасон ва дастгирию кумаки ҳамаҷонибаи аҳолии зарардидаро қотеъона талаб намуданд.
Дар ҳамин замина филиали ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини бехатарии шаҳрвандон мошини махсуси сӯхторхомӯшкуниро, ки ҷавобгӯйи талаботи замон аст, харидорӣ намуда, онро ба нақби Шаҳристон сафарбар кард.
Тавре аз Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мошини мазкур ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои табиӣ, хусусан наҷоти одамон, таъмини амнияту бехатарии онҳо истифода хоҳад шуд.
Бояд зикр кард, ки мошини мазкур намунаи навтарин техникаи махсусгардонидашудаи соҳа маҳсуб шуда, дар асоси тавсияи мутахассисони сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардидааст. Барои фаъолияти муназзами он бо ибтикори роҳбарияти филиали Ширкат дастаи махсуси оташнишонҳо, иборат аз 15 воҳиди корӣ таъсис ёфта, нигоҳдории даста ва пардохти музди меҳнати аъзои он аз ҷониби филиали Ширкат амалӣ мегардад.
Дастаи мазкур дар нақби «Шаҳристон» мустақар шуда, барои онҳо макони будубош омода шудааст. Роҳбарияти филиали Ширкат муътақиданд, ки бо дастгирии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии кишвар фаъолияти дастаи навтаъсиси оташнишонии марбут ба филиали Ширкат дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ хоҳад шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






