Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» китобҳои тозанашр рӯнамоӣ мегарданд

Октябрь 18, 2017 09:27

ДУШАНБЕ, 18.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 27 октябри соли равон дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар намоишгоҳ иштироки намояндагон аз Россия, Ўзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Франсия, Украина, Беларус, Корея, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Чин, ИМА ва Британия дар назар аст.

Бояд тазаккур дод, ки дар намоишгоҳ ширкатҳои табъу нашр ва тоҷирону фурўшандагони ватанию хориҷӣ маводи чопию таҷҳизоти полиграфии хешро пешниҳод менамоянд.

Дар доираи намоиш маҳфилҳои шеъру суруд, суҳбатҳо, муаррифии китобҳои тозанашр, озмунҳои «Шоҳномахонӣ», «Ношири беҳтарин», «Китобдор ва китобхони беҳтарин» ва «Муаллифи сермаҳсултарини соли 2017» гузаронида мешаванд.

 

Октябрь 18, 2017 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа