Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» китобҳои тозанашр рӯнамоӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 18.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 27 октябри соли равон дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар намоишгоҳ иштироки намояндагон аз Россия, Ўзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Франсия, Украина, Беларус, Корея, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Чин, ИМА ва Британия дар назар аст.
Бояд тазаккур дод, ки дар намоишгоҳ ширкатҳои табъу нашр ва тоҷирону фурўшандагони ватанию хориҷӣ маводи чопию таҷҳизоти полиграфии хешро пешниҳод менамоянд.
Дар доираи намоиш маҳфилҳои шеъру суруд, суҳбатҳо, муаррифии китобҳои тозанашр, озмунҳои «Шоҳномахонӣ», «Ношири беҳтарин», «Китобдор ва китобхони беҳтарин» ва «Муаллифи сермаҳсултарини соли 2017» гузаронида мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






