Дар ноҳияи Деваштич Комендатураи сарҳадии «Карачикум» ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 5.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Деваштич Комендатураи сарҳадии «Карачикум» ба истифода дода шуд. Дар маросими тантанавии ифтитоҳи он котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, собиқадорон ва ҳайати шахсии Отряди сарҳадии «Деваштиҷ» иштирок карданд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод, дар комендатураи сарҳадии навбунёд тамоми шароити пешбурди хизмати ҳарбӣ барои сарҳадбонон, аз ҷумла утоқҳои корӣ, хобгоҳ, синфхонаҳои таълимӣ, компютерӣ, китобхона, хонаи фароғатӣ, ошхона, ҳаммоми замонавӣ, анборҳои таъминоти ақибгоҳӣ, буғхона, майдончаҳои варзишӣ, тактикӣ ва дигар иншооти ёрирасони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ муҳайё мебошанд.
Зимни ифтитоҳи комендатура котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров зикр кард, ки Комендатураи сарҳадии «Карачикум» бо мақсади таъмини боэътимоди амнияти кишвар дар сарҳади давлатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди хизматӣ барои сарҳадбонон ба истифода дода шудааст.
Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба сохтмончиён барои бо сифати баланд сохтани комендатура миннатдорӣ баён намуда, ҳозиринро бовар кунонид, ки ба таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини шароити мусоиди хизматӣ-маишӣ сарҳадбонон бо хизмати содиқонаву софдилона ҷавоб хоҳанд гуфт.
Дар охир аз ҷониби санъаткорони ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳод гардид.









Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






