Дар Самарқанду Бухоро фурўши китобҳои адибони тоҷик ба роҳ монда мешавад
ДУШАНБЕ, 27.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. 26 октябри соли равон дар доираи Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохўрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо иштирокчиён — меҳмонони хориҷии намоишгоҳ баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар вохўрӣ Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон Олег Иванов, намояндагони ширкатҳои табъу нашр аз Афғонистон, Белорус, Қазоқистон, Ўзбекистон, инчунин коршиносони соҳа аз Тоҷикистон иштирок намуданд.
Вазири фарҳанг аз иштироки меҳмонон дар намоишгоҳи мазкур, ки барои кишвари мо падидаи бузург аст, изҳори сипос намуда, оид ба муносибатҳои фарҳангӣ ва адабии Тоҷикистон бо ҳар яке аз ин кишварҳо ҳарф зад.
«Чанде пеш дар доираи Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон намоиши китобҳои Тоҷикистон баргузор гардида буд ва Тоҷикистон кўшиш менамояд, то дар намоишгоҳҳои китоб дар дигар кишварҳо низ маҳсулоти чопии худро муаррифӣ намояд»,- изҳор дошт Шамсиддин Орумбекзода.
Олег Иванов пешниҳод намуд, ки нашри маҷаллаҳои адабии Беларус дар Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ ва нашри маҷаллаи адабии «Помир» дар Беларус сабаби боз ҳам таҳким бахшидани муносибатҳои ду кишвар дар ин соҳа хоҳад шуд.
Муовини аввали директори Агентии табъу нашр ва иттилооти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мизроб Мавлонов пешниҳод кард, ки дар Тоҷикистон фурўши китобҳои ӯзбекӣ ва дар Ӯзбекистон, аз ҷумла, дар шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро фурӯши китобҳои адибони тоҷик ба роҳ монда шавад.
Мавриди зикр аст, ки 26 октябри соли равон меҳмонони хориҷии намоишгоҳ аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон, чопхонаи муосири «Ганҷ», майдонҳои Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ дидан намуданд.








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






