Дар шароити ҷаҳонишавӣ забони давлатиро бояд чун гавҳараки чашм нигоҳ дошт
ДУШАНБЕ, 04.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ»- таҳти чунин унвон дар остонаи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид, ки дар он адибону забоншиносон ва кормандони Марказ итирок намуданд.
Сайфулло Сафаров, муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими забони давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол» сухан карда, афзуд, ки забони тоҷикӣ дар шароити мушкили таърихӣ маҳз бо саъю талоши донишмандон ва гурӯҳи равшанфикрони тоҷик дар соли 1989 мақоми давлатӣ гирифт. Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ рушду густариш ёфта, дар тамоми вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон коргузорӣ ба забони давлатӣ ба роҳ монда шуд.
Ҳамзамон Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон доир ба «Эҳёи забон, нақши адибони тоҷик дар масири таърих» маърӯза намуда, таъкид сохт, ки забони тоҷикӣ дар даврони сулолаи Сомониён эҳё гардида, ташаккул ва мақоми давлатӣ касб намуда буд. Ба забони нобу шевои тоҷикӣ қофиласолори назми тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дигар шоирони бузурги тоҷику форс ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл шеър гуфтаанд ва он то ҳанӯз бузургиву равонии худро ҳифз намудааст.
Дар ҳамоиш ҳамзамон Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун ва кормандони масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо ва Қиёмиддин Сатторӣ дар мавзӯъҳои «Забони давлатӣ ва ҷомеа», «Пешвои миллат ва забони миллӣ» ва «Забони тоҷикӣ дар даврони ҷаҳонишавӣ» ва дигар паҳлӯҳои ташаккули забони давлатӣ маърӯза карданд.
Зикр гардид, ки дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ҳар як фарди миллатдӯст ва соҳибони забони тоҷикиро мебояд, ки барои поку беолоиш нигоҳ доштан ва ҳифзи асолати забони давлатӣ аз ҳар гуна омилҳои замони муосир кӯшиш намояд, зеро забон яке аз рукнҳои асосии давлатдории ҳар халқу миллат аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






