Дар «Старт ап Чойхона» 11 лоиҳаи соҳибкорони ҷавони Хатлон дастгирӣ ёфтанд

Октябрь 12, 2017 14:05

ҚӮРҒОНТЕППА, 12.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар  шаҳри Қурғонтеппа  бо  ибтикори  мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти  Хатлон,  Кумитаи  сармоягузорӣ  ва идораи амволи давлатии  ҶТ,  лоиҳаи  Барномаи рушди Созмони Милали  Муттаҳид  ва  шарикони лоиҳа  барои  ҷавонон  таҳти унвони «Старт ап Чойхона»  озмун баргузор гардид.  Тавре  созмондиҳандагони  озмун  иттилоъ  доданд,  дар он  соҳибкорони ҷавону муваффақ  имкон  пайдо намуданд, ки суҳбати озод намуда, аз таҷрибаи ҳамдигар огоҳ шаванд.

Даври  аввали  озмун  аз  муаррифии лоиҳаҳо  иборат  буд.  Ҳамагӣ 19  нафар ҷавонони  вилоят аз  шаҳру навоҳӣ  имкон пайдо намуданд, ки ба  ҳакамон  лоиҳаҳои худро муаррифӣ   намоянд.  Дар  даври  ниҳоӣ  11  лоиҳа  дастгирӣ  ёфта,  1  лоиҳа ҳарчанд  ягон ҷойро  ишғол  накард,  аммо  ба  аҳли толор  хеле  писанд  омад.

IMG_7126Иштирокчиёни озмун ба хулосае омаданд, ки дар  доираи лоиҳаҳои  дастгиришуда  барои соҳибкорони ҷавон  омӯзишҳо   гузаронида  шаванд. Ин амал ба  рушди соҳа  дар  байни  ҷавонон  мусоидат  мекунад.

Гулпарӣ Давлатова, танзимгари  лоиҳаи «Старт ап Чойхона»,   ки  аз  тарафи Барномаи рушди СММ  дастгирӣ мешавад,  ба  хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ дод,  ки  баргузории озмуни мазкур  аввалин  қадам  ҷиҳати дастгирии  ҷавонон  дар  рушди соҳибкорӣ  буда,  дар  доираи  ин  лоиҳаҳо курсҳои бозомӯзӣ низ  гузаронида  мешаванд.

Октябрь 12, 2017 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад