Дар Суғд аз сохтори аграрию саноатӣ ба саноатию аграрӣ мегузаранд
ДУШАНБЕ, 20.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми нуҳ моҳи соли 2017 дар миқёси вилояти Суғд 52 корхонаву коргоҳҳои нав қариб бо 500 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тибқи нақша соли 2017 бояд дар вилоят 56 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ ба истифода дода мешуд. Ба таъсири манфии омилҳои берунӣ нигоҳ накарда, давоми нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 6,9 млрд. сомонӣ расонида шуд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 млрд. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 132,9 фоизро ташкил медиҳад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат ҷиҳати таъмин намудани рушди босуръати соҳаи пешбарандаи иқтисодиёти вилоят — соҳаи саноат, ба роҳ мондани истеҳсолоти воридотивазкунанда ва густариши иқтидори содиротии вилоят тадбирҳои судманд роҳандозӣ намуда, ба иҷрои ҳадафи пешгузоштаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – гузаштан аз сохтори аграрию саноатӣ ба саноатию аграрӣ дастёб гардид, ки ин барои гузариш ба рушди саноатии ба инноватсияҳо асосёфта заминаи қавӣ гузошт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






