Дар Тоҷикистон беш аз 1 миллион тонна ангишт истихроҷ гардид, ки дар таърихи кишвар бесобиқа аст
ДУШАНБЕ, 24.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишти кишвар аз оғози сол то имрӯз беш аз 1,3 миллион тонна ангишт истихроҷ карданд. Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳаҷми ангишти истихроҷгардида дар таърихи Тоҷикистон нишондиҳандаи баландтарин маҳсуб меёбад. Гуфта мешавад, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 267 ҳазор тонна зиёд аст. Дар ин дастовард саҳми корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт, назири кони «Фон-Яғноб» ( 617 ҳазор тонна), «Талко-Ресурс» (286 ҳазор тонна) ва Департаменти истихроҷи ангишти ҶДММ «Комбинати металлургии тоҷик» (223,3 ҳазор тонна) назаррас аст.
Ҳамаи ин комёбиҳо бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу вањдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамарӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои меҳнати самараноку фидокоронаи шабонарӯзии кормандони соҳа ба даст омадааст.
Манбаъ афзуд, ки кормандони соҳаи ангишт талаботи тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳуриро ба ангишт таъмин намуда, азм доранд бо нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ҷамъбаст намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯз 230 корхонаи соҳаҳои саноат ва энергетика ангиштро ҳамчун сӯзишвории алтернативии ивазкунандаи гази табиӣ истифода мебаранд. Ин тадбир имконият фароҳам овард, ки вобастагии иқтисодиёти истеҳсолии ҷумҳурӣ аз воридоти гази табиӣ ва маҳсулоти нафтӣ коҳиш ёбад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






