Дар Тоҷикистон бори аввал асари Конфутсий ба забони тоҷикӣ интишор гардид
ДУШАНБЕ, 16.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикор ва таҳти васояти Бунеди забони тоҷикӣ дар матбааи нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе китоби арзишманде зери унвони «Суханҳои ҳакимона ва зебои Конфутсий» аз чоп баромад. Муҳаррири масъули он мушовири калони дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода ва тарҷумону мураттиби китоб дипломати тоҷик Муҳаммад Эгамзод мебошанд.
Нашрияи мазкур бо сарсухани Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва Сафири Фавқулодаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юе Бин оғоз меёбад.
Китоби «Суханҳои ҳакимона ва зебои Конфутсий» ба муносибати 25-умин солгарди оғози равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистону Чин чоп шуда, бори аввал ба забони тоҷикӣ гулчини андешаҳои мутафаккир ва файласуфи машҳури Чинро пешниҳоди доираи васеи хонандагон намудааст.
Муҳаррири масъули китоб Зафар Сайидзода изҳори умед кардааст, ки китоби тозанашр мавриди пазириши дилбастагону дӯстдорони афкору андешаҳои баланд мегардад.








Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд






