Дар Тоҷикистон бори аввал асари Конфутсий ба забони тоҷикӣ интишор гардид

Октябрь 16, 2017 11:24

ДУШАНБЕ, 16.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикор ва таҳти васояти Бунеди забони тоҷикӣ дар матбааи нашриёти «Контраст»-и  шаҳри Душанбе китоби арзишманде зери унвони  «Суханҳои ҳакимона ва зебои Конфутсий» аз чоп баромад.  Муҳаррири масъули он  мушовири  калони  дастгоҳи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои  робитаҳои хориҷӣ, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода  ва тарҷумону мураттиби китоб  дипломати тоҷик Муҳаммад Эгамзод мебошанд.

Нашрияи мазкур бо сарсухани  Вазири  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷидин Аслов  ва Сафири Фавқулодаи Ҷумҳурии  Мардумии Чин дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Юе Бин   оғоз меёбад.

Китоби «Суханҳои  ҳакимона ва зебои Конфутсий»  ба муносибати 25-умин  солгарди оғози   равобити дипломатӣ   миёни Тоҷикистону Чин чоп шуда,  бори аввал ба забони тоҷикӣ  гулчини андешаҳои  мутафаккир ва файласуфи  машҳури Чинро  пешниҳоди  доираи васеи   хонандагон намудааст.

Муҳаррири масъули китоб  Зафар Сайидзода  изҳори умед кардааст, ки  китоби тозанашр мавриди пазириши  дилбастагону  дӯстдорони  афкору андешаҳои баланд мегардад.

 

 

Октябрь 16, 2017 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад