Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди бозтамвил таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 06.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд Фонди бозтамвил таъсис дода шуд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо Нуралӣ Шоқурбонов хабар дод.
Ба иттилои номбурда, Фонди мазкур имконият медиҳад, ки дастрасии устувори дарозмуддат барои бозтамвили дохилӣ бо асъори миллӣ дар муассисаҳои молиявӣ ва бонкҳои Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.
Илова бар ин, Фонд механизми самаранок ва шаффоф барои ҷалби маблағҳои иловагӣ аз донорҳо ва сармоягузороне мебошад, ки барои рушди минбаъдаи бахши молиявии Тоҷикистон маблағгузорӣ ё сармоягузорӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки 7 июни соли 2017 Фонди бозтамвил расман дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати адлия барои пешбурди фаъолияти Фонди бозтамвил ба муҳити ҳуқуқии кишвар тағйирот ворид намуданд ва 19 сентябри соли 2017 «Фонди бозтамвил» соҳиби иҷозатнома гардид.
4 октябри соли 2017 дар маҷлиси муштараки донорҳо ва муассиси Фонди бозтамвил — Шӯрои сарпарастон роҳбари Фонди бозтамвил таъйин карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки Фонди бозтамвил муассисаи устувор мебошад, ки рушди иқтисодиёт, соҳибкории хурду миёна, минтақаҳои деҳот ва аҳолии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад.
Ташкил ва фаъолияти Фонди бозтамвил бо дастгирии Бонки германии рушд (KfW) дар чаҳорчӯбаи ҳамкории минтақавии молиявии Германия бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (BMZ) маблағгузорӣ карда мешавад, инчунин бо дастгирии иловагии Бонки Осиёии Рушд амалӣ мегардад.








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






