ДИҚҚАТ, ТАҶРИБА! Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар як майдон пахтаро бо лӯбиё ва лаблабуи сурх якҷоя кишт намудаанд
РӮДАКӢ, 26.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Деҳқонони Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Турсун Улҷабоеви ноҳияи Рӯдакӣ соли равон барои самаранок истифода бурдани заминҳои корами обӣ ва дар як маврид ба даст овардани ду ҳосил барои таҷриба дар ду гектар замин пахтаро бо лӯбиё ва лаблабуи сурх якҷоя кишт намуданд. Дар натиҷаи нарм кардану ғизонок намудани пахта лӯбиё ва лаблабу баҳра гирифта, дар давоми 40 рӯз лӯбиё ҳосили фаровон додааст. Муовини ҶСК ба номи Т. Улҷабоев Уғулой Бутаева зикр намуд, ки дар ин кор ҳарчанд меҳнати зиёд сарф мешавад, вале фоидаи дилхоҳ низ ба даст овардан мумкин аст. Аз ин рӯ хоҷагӣ дар оянда майдони кишти ду растаниро дар як вақт зиёд менамояд.
Тибқи иттилои деҳқонони хоҷагӣ, картошкаро бо лӯбиё ва сирпиёзро бо шибиту бодиринг кишт намудан мумкин аст, вале он меҳнати дастии зиёд талаб менамояд. Бештари деҳқонони ҷамоати деҳоти «Зайнабобод»-и и ноҳияи Рӯдакӣ ин механизми киштро истифода намуда, ҳосили баланд ба даст меоранд.
Кишоварзони ҶСК ба номи Улҷабоев имсол аз майдони 50 гектар пахтаи навъи «Дӯстӣ» 137 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намуданд, ки 136 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Кишоварзони хоҷагӣ гуфтанд, ки имсол дар як гектар кишти пахта то ҷамъоварияш 5640 сомонӣ хароҷот шудааст. Аз сабаби каме баланд гардидани нархи пахтаи маҳиннах дар бозори ҷаҳонӣ, хоҷагидорон имсол фоидаи хуби нақдӣ ба даст оварданд.
Ба гуфтаи кишоварзони хоҷагӣ, мушкилоти асосӣ барои кишти пахта ва дигар намуди сабзавот-ин рӯз то рӯз баланд гардидани нархи маводи сӯзишворӣ, нуриҳои менералӣ ва қисмҳои эҳтиётии техникаҳо мебошад.








САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд






