ДОСТОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Октябрь 5, 2017 08:04

ДУШАНБЕ, 05.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Саргузашти ин абармарди тоҷик воқеан достони пур аз корнома ва қаҳрамониҳост, ҳамон тавре, ки Шоири Халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар “Достони Пешво”  ба қалам додааст.

Агар ба таърихи гузаштаи миллати тоҷик назар афканем, мебинем, ки тоҷикон дар тўли таърих саргузашти сангину душвореро паси сар намудаанд. Миллати тамаддунофари тоҷик дар масири таърих тавонист бо ақлу заковат ва шахсиятҳои шинохтааш обрӯю нуфуз ва ваҳдати худро нигоҳ дорад. Ин миллати соҳибтамаддун бо нобиғагони илму ҳунараш, ки барои аз байн нарафтани фарҳангу забон асарҳои нодиреро эҷод намудаанд, то ба имрўз ба ҷаҳониён муаррифӣ мегардад. Тоҷикон аз дуриҳои таърих хислати ваҳдатпарастию ваҳдатҷўии худро гум накардаанд ва то ба  имрўз низ ин хислати накўро дар қалби худ мепарваранд.

Маълум аст, ки дар аввали солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҷагони аҷнабӣ ба сари миллати тоҷик даҳшати вазнини ҷанги таҳмилиро бор намуданд ва ҳамон шабу рўз ҳадафи ба порчаҳо тақсим намудани ин мулки ободро доштанд.

Ҳамин тавр, таърих ба миллати тоҷик дар оғози солҳои 90-уми қарни ХХ боз як имтиҳони сахту сангини дигареро пеш овард, ки он ҷанги таҳмилии  шаҳрвандӣ буд. Дар ҳамон шабу рўз миллати тоҷик дар оғӯши ҷанги хонамонсўз буд, касе ё чизе пеши ин ваборо гирифта наметавонист, миллат рў ба  нестшавӣ оварда буд. Аммо Худованди бузург раҳми миллати тоҷикро хўрд ва шахсеро бо номи Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои тоҷикони ҷаҳон вориди арсаи сиёсат намуд, ки ин миллату ин сарзаминро аз парокандагӣ ва аз ғарқаи хун шудан раҳо карда, сулҳи комилро насиби онҳо гардонид.

Хушбахтона, ҳамон хиради воло, ақлу заковати  устувор  ва ҷавонони бо нангу номусаш буданд, ки  миллати тоҷик бо талошҳои пайгиронаву сулҳҷӯёнаи Пешвои худ Эмомалӣ Раҳмон аз нестшавӣ раҳо ёфта, бо қадамҳои устувор ба сўи ваҳдату ягонагӣ равон шуд. Касе бовар надошт, ки тоҷику тоҷикистониён баъди ҷанги шаҳрвандӣ муттаҳид шуда, давлати миллӣ  бунёд мекунанд. Яъне, бори дигар хиради азалии  миллати тоҷик боло гирифт ва давлат  дигарбора эҳё шуда,  тири душманон хато хўрд.

Баъди азму талошҳои зиёди фарзандони шоистаи миллат мо-тоҷикон сулҳ ва ваҳдати комили миллиро ба даст овардем, ки бешубҳа, меъмори асосии он Сарвари давлат, Пешвои миллати тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Сулҳу ваҳдати бадастомада имконият дод, ки бо ташаббусу кўшишҳои  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосҳои бунёди ҷомеаи навини Тоҷикистон гузошта шаванд, аркони давлатдории тоҷикон мустаҳкам гардад, фирориёну гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан баргардонида шуда, сулҳу суботи ҷомеа ба даст ояд.

Дар ин раванди тақдирсоз хизмати таърихӣ ва бузурги Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро хомўш намуда, фарҳанги сулҳофариро пеша кард ва  бо эҳсоси гарми ватандорӣ  тақдири ояндаи бақои миллатро ба дасти худ гирифт. Натиҷаи чунин  ҷонфидоиҳо ва қаҳрамониҳо буд, ки имрўз дар Тоҷикистон амнияти сартосарӣ пойдор буда,  корҳои   ободониву  бунёдкорӣ авҷ гирифтааст. Сулҳи тоҷикон қутбнамои роҳи ояндаи дурахшон ва шаҳодатномаи таърихии давлату миллат гардид.

Муҳимтарин натиҷаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар поёни қарни ХХ ташаккули давлатдории миллӣ, асолати худро дарёфтани ҷаҳоншиносӣ ва тафаккури миллӣ, фалсафаи нави давлатдории тоҷикон мебошад, ки аз корномаҳои сарнавиштсоз ва фарҳанги сиёсии Президент-Пешвои тоҷикони ҷаҳон ҳусни оғоз ёфтааст. Бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар тўли ҳазор соли охир бунёди давлатдории миллӣ ва мақоми ҷаҳонӣ пайдо кардани он мебошад, ки бо пайкорҳои Пешвои миллат-ғамхори миллат пайванди ногусастанӣ дорад.

Пайвастан ба низоми ҷаҳонии иқтисод ва фазои иттилооти дунёи имрўза, ба роҳ андохтани муомилоти пурвусъати иқтисодиву фарҳангӣ бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон, манзалати ҷаҳонӣ пайдо кардани ёдгориҳои моддиву маънавии таърихӣ ва оину таомули тоҷикон, мақоми шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бузургтарин маҷмаа ва қонунҳои ҷаҳонӣ бо пуштибонӣ аз  ҳуқуқ ва манофеи миллати тоҷик, баррасии пайгирии мушкилиҳои оламшумул аз ҷумлаи ибтикорот ва дастовезҳои арзишманди халқи тоҷик ба раванди ҷаҳонӣ шудан маҳсуб мешаванд.

Истифодаи эҷодкорона аз дастовардҳои илмии ҷаҳони муосир, татбиқи имконоти технологияи иттилоотӣ ва фановарӣ, ки дар меҳвари тасмимгириҳои сиёсиву иҷтимоии Сарвари давлат қарор доранд, ҷомеаи муосири тоҷикон, бахусус, насли навро ба ҷодаҳои наву замонӣ роҳнамоӣ менамоянд ва аз самти дигар иртиботи кишвари моро бо тамаддуни пешрафтаи башар тақвият мебахшанд. Дар меҳвари назариёти сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи вижа дошта, дар роҳи ҳаллу фасли онҳо бо таваҷҷуҳ ба имконот ва иқтидори созмонҳои байналмилалӣ тадбирҳо ва барномаҳои судманде аз ҷониби Сарвари тоҷикон таҳия ва манзур шуданд, ки барои аҳолии тамоми сайёра дорои аҳамияти хос мебошанд.

Татбиқи барномаи пурвусъати «Об барои ҳаёт», ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон дар саросари олам ҷараён гирифт, аз ҷумлаи чунин ибтикоротест, ки бо сарнавишти имрўза ва ояндаи ҷомеаи башарӣ иртибот мегирад. Пазироии пешниҳоди нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки бо тарафдории 177 кишвари дунё бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид ба тасвиб расид, на фақат аз ширкати фаъолонаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар файсалаи мушкилиҳои ҷаҳоншумул, балки аз обрўву нуфузи баланди Сарвари мамлакат дар дунёи муосир шаҳодат медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки халқи тоҷик имрўз  ҳамчун халқи сулҳдўсту адолатхоҳ дар ҷаҳони мутамаддин соҳиби мақому манзалати худ аст. Имрўзҳо миллати тоҷикро  дар ҳама гўшаву канори дунё ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва фарҳангӣ мешиносанду давлатдориашро  расман эътироф намудаанд, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо хушнудӣ мепазиранд ва дастгирӣ мекунанд.

Амалӣ гардидани ниятҳои неки миллати тоҷик  боиси боз ҳам шукуфон шудани кишвари соҳибистиқлоли мо мегардад. Ҷиҳати  ҳарчӣ зудтар амалӣ гардидани ин мақсадҳои наҷиб  ҳар як ҷавони баору номуси мамлакат бояд саҳми ватандўстонаи хешро дареғ надорад.

Бояд ҳар як фарди кишвар аз худ бипурсад, ки ў дар самти фаъолияти хеш, яъне барои рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз чӣ ҳисса гузоштааст? Дарки дурусти ин мақсад ҷавононро ба дастовардҳои навин  ҳидоят мекунад, зеро тақдири миллат ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар дасти ҷавонон аст. Бо назардошти саҳми ҷавонон барои ободии Ватан  бо ташаббуси Пешвои миллат имсол Соли ҷавонон эълон шуд ва ин далели  он аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса доранд.

VOVA4867Дар фарҷом бояд ёдовар шуд, ки ваҳдату ҳамбастагӣ ва истиқлолияти комили Тоҷикистони азиз имконият медиҳад, ки мо сарҷамьу иттифоқ бошем, шукрона аз давлату миллат ва Сарвари ғамхор намоем. Имрўзҳо ҳар як шаҳрванди ватани азизамон ғамхории Пешвои миллати  худро дарк менамояд ва шукрона мекунад, ки чунин Сарвари ғамхор доранд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо Сарвари ғамхори худ ва ҷаҳду талоши ҳамарўзаи сокинони ваҳдатпарасту ваҳдатҷўяш боз ҳам шукуфону пешрафта хоҳад шуд.

Наргис ЗИЁЕВА,   

омўзгори мактаби таҳсилоти миёнаи

умумии №56-и шаҳри Душанбе 

 

Муҳаммад ҒОИБ,

Шоири халқии Тоҷикистон

 

ДОСТОНИ ПЕШВО

Пешвои миллат 1

Пеш аз ин ҳам тахти шуҳрат доштӣ аз ҷуръатат,

Ёфтӣ аз пушти ҷуръат тахту тоҷи шуҳратат.

Пеш ҳам будӣ чу мижгон рўзу шаб пеши назар,

Пешво будӣ замони ҳифзи кишвар аз хатар.

 

Пеш аз  ин ҳам пешво будӣ ту дар дунёи нанг,

Рўди ақлат кард хомўш оташи сўзони ҷанг.

Рафтаанд аз ҷангали ҳастӣ ҳама гургу паланг,

Дур шуд аз чашми баҳри зиндагихоҳон наҳанг.

 

Нест осон рў ба рўи қотилон ҳарфе задан

Бе ҳарос аз маргхоҳ умеди ҳастӣ доштан.

Нест осон дар замини гашта аз хунҳо закоб

Бо умеди хўша гаштан, дони мақсад коштан.

 

Борҳо пеш аз ҳама рафтӣ  ба ҷойи маргбор,

Дил пур аз меҳри ватандорӣ, ба сар фикри диёр.

Буд мақсудат, ки бинӣ сурх рўйи хуниҷигар.

Пешҳарфи ҷумла ҳам будӣ ту дар садҳо асар.

 

Кӣ равад  пеши гаравгонгир, пеши тупу тир?

Кӣ занад худро ба он ҷое, кигирандаш асир?

Дар чунин раҳ ҷон ҷудо дар ларза ояд, тан ҷудо,

Як муҳофиз доштӣ, зўр аз ҳама- буд он Худо.

 

Борҳо биншаста бар тайёраҳои пур зи бор

Нахлҳои нодир овардӣ зи ҳар мулку диёр.

Сабзтар, хушрўйтар то хоки аҷдодӣ шавад,

Ҳар қадам ободу ҳар ҷо маскани шодӣ шавад.

 

Борҳо рафтӣ ба назди мардуми раҳинтизор

Дар ҳамон рўзони нохуби ҳаво бо чархбол.

Бо забон гарчи намегуфтанд бадхоҳон зи шарм,

Лек мегуфтанд дар дил: Офарин, нонат ҳалол.

 

Беғубории дилатро карда ҳис оинаҳо

Ҷо туро доданд дар кохи бузурги синаҳо.

Ҳар куҷо, ки лашкари меҳри туро медидаанд

Мекашиданд оҳи ҳасарат даста-даста кинаҳо,

 

Достони ҷони ширин канданат беохир аст,

Ин хулоса, ин баҳои додаи ҳар нозир аст.

Пеш аз  ин ҳам гашта будӣ дар забони хосу ом,

Достони эътирофу маснавии эҳтиром.

 

Лек арзи меҳри раҷбарҳои ҳизбу ҳар вакил,

Достон буданд, ҳар ҳарфаш сиришки чашму дил.

 

Баъд аз он андешаҳои бурди шахсӣ гум шуданд,

Худпарастон ҳам пас аз он гуфтаҳо мардум шуданд.

Манфиатҳои Ватан, Миллат ҳама ҷоро гирифт,

Ҷавфурўшон низ чашми меҳр бар гандум шуданд.

 

Кӣ намехоҳад, ки гардад зиндагӣ осудатар?

Кӣ намехоҳад, ки бе биме барояд бар сафар?

Кӣ намехоҳад, ки шодон кўдакаш бозӣ кунад?

Кӣ намехоҳад зи боғи умри худ гирад самар?

 

Кӣ намехоҳад, ки бошад зиндагӣ мисли баҳор?

Аз хазон безор мебошанд боғу киштзор.

Ҷанг сўзад хонаҳои бахтро бо оташаш,

Кӣ намехоҳад, ки бошад Сулҳу Ваҳдат пойдор?

 

Ин ҳама уммедҳоро дарк кардӣ хубтар,

Ҷонфидоӣ кард дар ин раҳ туро маҳбубтар.

Авфҳо ҷои ҷазоҳоро зи нав бигрифтаанд,

Ҷашнҳо ҷои азоҳоро зи нав бигрифтаанд.

 

Дар раҳи тадбирҷӯӣ низ будӣ пешгом,

Доштӣ дар сархати имдодгарҳо ҷо мудом.

Бекасонро кас ту будӣ, ҳам ятимонро падар

Шаҳд мекардӣ муҳайё баҳри ҳар як талхком.

 

Дар диёри хоксорӣ низ будӣ Пешво,

Дарди мағрурии азхудрафтаро кардӣ даво.

 

Нест аз чашми ҷаҳон имрўз пинҳон розҳо,

Бишнавад гўши сиёсатҳо ҳама овозҳо.

Пештар аз мо туро ҳам пешво мегуфтаанд

Дар диёри Чину Мочин, дар Араб, дар Амрико.

 

Пеш аз ин ҳам пешво будӣ, ҳазорон қиссаҳо

Ҳарфҳо гўянд аз бобе, ки дорӣ қиссаҳо.

 

Ку ҳамон коре, ки ту дасташ задӣ, иҷро нашуд?

Ку ҳамон торе задӣ нохун ту, хушово нашуд?

 

Роҳ гуфтӣ, роҳҳои бехатар пайдо шуданд,

Нақбҳову ҷодаи осонгузар пайдо шуданд.

Барқ гуфтӣ, гашт пайдо нобҳои бемисол,

Як хати эҳсон ҷанубро кард пайванди шимол.

 

Пуштаҳои хуфта гаштанд аз сахоят боғзор,

Дар ҳаёташ бори аввал шуд биёбон боғдор.

Ҳарф гуфтӣ аз зиёӣ, хуб гўшат кардаанд,

Даста-даста рў ба илму маърифат овардаанд,

 

Аз дабистони ту дарси ифтихор омўхтем,

Аз ту номуси ватандорию ор омўхтем.

Нашри Қуръонро бикардӣ бо забони тоҷикӣ,

Аз сахоят ояти Парвардигор омўхтем.

 

Ин ҳикоятҳо ҳама аз посдорон будаанд,

Дар варақҳои дили ихлосдорон будаанд.

Дар ҳазорон шакл бо ҳар гуна мазмун будаанд,

Интизори сабт дар девони Қонун будаанд.

 

Оқибат дилномаҳо маҷмўа дар қонун шуданд,

Пешво бигрифта ному як ҷаҳон мазмун шуданд.

Бар ҳама ин ҳуҷҷати ҷамъи адолат буд зарур,

Пешвойии адосози ҳама амру рисолат буд зарур.

 

Пеш аз ин ҳам пешво будӣ, валекин баъд аз ин

Бонамакҳои ватан, фарзандҳои  сарзамин

Номи неки Пешвои хешро ҷо медиҳанд

Дар китоби дидаву дил, дар хати пеши ҷабин.

 

Баъд аз ин иқдом савти сози дил дигар шавад,

Аз гиребоне бурун садҳо ҳазорон сар шавад.

Ҷойгири хуфтамулки фикр бедорӣ шавад,

Боз мустаҳкамтар имони ватандорӣ шавад.

 

Баъд аз ин халқе, ки дида ҷабр аз таърих беш,

Мушкилаш осон кунад бо дасти фаҳму ақли хеш.

Маслиҳат пурсад зи як кас, гўш як касро кунад,

Дур аз боғи  умедаш зоғу каргасро кунад.

 

Баъд аз ин бо ҳам ҷавону пир ҷону тан шаванд,

Ворисони як падар, фарзанди як меҳан шаванд.

 

 

Октябрь 5, 2017 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАНҲО НАСЛИ ДОНИШМЕҲВАР ОЯНДАИ ДУРАХШОН МЕСОЗАД! Андешаҳои директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66-и ноҳияи Сино
Ҳангоми аввалин маротиба ба мактаб рафтан кӯдак бо кадом мушкилӣ дучор мегардад? Тавсияи равоншинос дар ин хусус
ДОНИШ АНДАР ДИЛ ЧАРОҒИ РАВШАН АСТ! Соли нави таҳсил бо шунидани суханони ҳикматомӯзи Пешвои миллат оғоз меёбад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Тағйирёбии иқлим ба нобаробарию ҷанги сард замина мегузорад
ИЛМУ МАЪРИФАТ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТРО ҶОВИДОН ГАРДОНИДА, ОНРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД. Назари президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин мавзуъ
ПАГОҲ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ОҒОЗ МЕЁБАД. Оё шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо китобҳои дарсӣ таъминанд?
МУТОБИҚАТИ НИЗОМИ БИСЁРЗИНАГИИ ТАҲСИЛ БА МЕЪЁРҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳои ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ин хусус
Эмомалӣ Раҳмон: «Хонед, омӯзед, аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат самаранок истифода баред. Ояндаи Тоҷикистон ва тақдири давлату миллат дар дасти шумост!».
ХИЗМАТҲОИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИЯТ-ПУРАРЗИШТАРИН ДАСТОВАРД. Ин неъмати бузург ба мо нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ овард
ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ҳошияи бошукуҳтарин дастоварди давлатдории навини тоҷикон
ТИРАМОҲ ФАРО МЕРАСАД. Дар ин фасл кадом бемориҳои мавсимӣ авҷ мегиранд?