МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хурмо нисбат ба себ ду маротиба бештар микроэлементҳои муфид ва нахи парҳезӣ дорад
ДУШАНБЕ, 22.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар бозорҳои мамлакат меваи хурмо фаровон гардидааст. Истеъмоли ин мева ба организми инсон чӣ фоида дорад? АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.
Дар таркиби меваи хурмо витаминҳои A, C ва P, микроэлементҳо, қанд, сафедаҳо, кислотаи лимў ва дигар моддаҳои биологӣ, инчунин миқдори зиёди йод мавҷуд аст. Агар меваи пухтаи хурморо дар ҷой муътадил нигоҳ дорем, то 6 моҳ хусусияти худро гум намекунанд.
Исбот шудааст, ки хурмо нисбат ба себ ду маротиба бештар микроэлементҳои муфид ва нахи парҳезӣ дорад. Аз ин рӯ, ин мева намегузорад организм пеш аз муҳлат пир шавад. Маҳз аз ин сабаб онро дар Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон «шоҳи меваҳо» меноманд.
Табибон онро барои табобати бемориҳои саратон, шуш ва пайдошавии санг дар гурдаҳо тавсия медиҳанд. Инчунин ҳангоми асабоният, табъи хира ва ҳатто афсурдаҳолии сахт истеъмоли он фоидабахш аст. Хурмо инчунин узви босираро мустаҳкам намуда, намегузорад, ки организм пеш аз муҳлат пир шавад. Хурмое, ки ҳангоми наҳорӣ мехӯред, фаъолияти ақлониро зиёд мекунад.
Ибни Сино хурморо ҳамчун воситаи мустаҳкамкунии тамоми узвҳо, инчунин барои беморони лоғару заиф тавсия додааст. Хурмо аз витамину минералҳои зиёд бой мебошад. Аз ҷумла, дар таркиби он витамини А ба миқдори зиёд мавҷуд аст, ки ба пешгирии саратон мусоидат мекунад. Дар таркиби ин мева витаминҳои A, C ва P, микроэлементҳо, қанд, сафедаҳо, кислотаи лимӯ ва дигар моддаҳои биологии фаъол буда, аз ҳама муҳимаш миқдори зиёди йод мавҷуд аст.
Бо такя ба маълумоти сарчашмаҳо, метавон гуфт, ки ватани аслии хурмо Чин мебошад. То имрӯз доир ба навъу намудҳои он андешаҳо гуногунанд ва бештари олимон бар ин назаранд, ки қариб 200 навъи дарахти хурмо ба ҳисоб гирифта шудааст. Онҳо дар мавзеъҳои тропикӣ ва субтропикии Африко, Осиё, Амрикои шимолӣ ва Ҷанубӣ, Ҳиндустон ва ҷазираҳои Филиппин мерӯянд.
Дар Тоҷикистон низ чанд навъу намуди ин мева парвариш карда мешавад. Аслан хурморо аз тухмаш сабзонида, сипас бо навъи беҳтар пайванд намуда, парвариш мекунанд. Чун ин мева ба гармӣ бештар майл дорад, дар мамлакати мо хурмои беҳтарин дар водии Ҳисор ва ноҳияҳои вилояти Хатлон, инчунин қисме аз ноҳияҳои вилояти Суғд мерӯяд.
Ғизошиносон хурморо барои кам намудани вазн тавсия медиҳанд, аммо ба таъкиди онҳо, нигоҳдорӣ ва истеъмоли нодуруст метавонад зараровар бошад. Зеро хурмо бо вуҷуди ширин буданаш камкалория аст. Аммо бемороне, ки мубталои диабети қанд ҳастанд, бояд хурморо камтар истифода намоянд.
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
НӮШОКИҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОНҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН. Андешаҳо дар ин маврид
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН-ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ЗАМИНАИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳои Қобилҷон Хушвахтзода дар ин маврид
Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад






