Ду мулоқоти Сафири Тоҷикистон Заробиддин Қосимӣ дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

Октябрь 6, 2017 17:44

ДУШАНБЕ, 06.10.2017./АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ дар шаҳри Риёз бо роҳбари ширкати ҳолдингии “Алмамлакат” Шоҳзода Валид ибни Талол ибни Абдулазиз оли Сауд мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкорҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва истифода аз захираҳои фаровони Тоҷикистон, инчунин омӯзиши лоиҳаҳои судбахши сармоягузорӣ ва роҳу васиалаҳои татбиқи онҳо мавриди омӯзиш ва барраси қарор гирифтанд.

Хотиррасон бояд намуд, ки Шоҳзода Валид ибни Талол ибни Абдулазиз оли Сауд бо сармояи 21 миллиард доллари амрикоӣ соҳибкори хусусии Арабистони Саудӣ ва яке аз сарватмандтарин шахсиятҳои ҷаҳон ба шумор рафта, доираи фаъолиятҳои тиҷоратӣ ва корҳои хайрияаш хеле васеъ аст.

Ҳамчунин вохӯрии Сафир дар шаҳри Ҷидда бо Шоҳзода Сауд ибни Абдулазиз ал-Файсал, роҳбари ширкати ҳолдингии “Ашшариф” низ баргузог гардид. Ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд, Шоҳзода бахусус   ба соҳаи энергетика ва дигар бахшҳои авлавиятноку судбахши иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.

Дар рафти мулоқот қарор шуд, ки барои оғози ҳамкорӣ тафсилоти мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб минбаъд бо иштироки масъулину мутахассисони дахлдори Тоҷикистон муҳокима шавад.

 

Октябрь 6, 2017 17:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад