Dushanbe80@yahoo.com- иқдоми нави мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Октябрь 17, 2017 14:22

ДУШАНБЕ, 17.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бо мақсади расидан ба ҳадафҳои созанда, фароҳам овардани зиндагии шоиста ва густариши  робитаи мустақим бо аҳолии   пойтахт иқдоми наверо роҳандозӣ намуд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,   минбаъд сокинони пойтахт метавонанд  тамоми камбудиву нуқсонҳоеро, ки дар пеши назари  онҳо ба вуқӯъ меоянд ва ё вуҷуд доранд,  тавассути телефони мобилӣ  сурат гирифта,   ё бо дигар воситаҳо  навор  бардошта, ҷиҳати сари вақт  бартараф кардани онҳо ба суроғаи почтаи электронии раиси шаҳри Душанбе-  Dushanbe80@yahoo.com ирсол  намоянд.

Муаллифон метавонанд, ки  дар сатри мавзӯъ маҳалли содиршавиии ҳуқуқвайрокунӣ ё камбудии ҷойдоштаро   гузошта,  сипас навор ё акси гирифтаашонро  тавассути замима ба мавзӯъ  ба  суроғаи мазкур ирсол намоянд.

Инчунин  онҳо  метавонанд тариқи шабакаҳои Viber  ё Whats  App  бо рақами 985 -95-22-22  навор ё акси гирифтаашонро ирсол намоянд.

Тибқи иттилои манбаъ,  махфияти муаллифони навор ва аксҳои ба  суроғаи Раиси шаҳр  ва телефони мазкур ирсолгардида кафолат дода мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки ду моҳ мешавад дар барномаи иттилотии «Вақт» -и  Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» низ     бахши «Хабарнигори ҷамъиятӣ» фаъолият дорад.  Сокинони пойтахт  метавонанд тамоми камбудиву нуқсонҳоеро, ки дар пеши назари  онҳо ба вуқӯъ меояд ва ё вуҷуд доранд,  тавассути телефони мобилӣ    ё дигар воситаҳо  навор  бардошта,  тариқи Viber бо телефони 904-05-21-00 ба бахши мазкур ирсол намоянд.

Парвиз ЗубайдуллозодаТавре сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Душанбе» Парвизи Зубайдулло   зикр кард, «агар рӯзҳои аввали фаъолияти бахши мазкур  ҳафтае ду-се навор аз ҷониби  муаллифон- шоҳидони бевоситаи   акс ё навори   дорои камбудиву нуқсонҳо ворид мегардид,  вақтҳои охир қариб ҳар рӯз мо чунин наворҳоро дастрас  ва пахш менамоем».

«Ин иқдом бо мақсади густариши  робитаи мустақим бо сокинон ва тамошобинони «Телевизиони Душанбе»  ва ба ин васила, мусоидат  дар рафъи камбудиву нуқсонҳои ҷойдошта дар пойтахт роҳандозӣ гардидааст. Зеро  тамошобинони зиёде  ба мо мактуб навишта, хоҳиш мекарданд, ки дар ҳалли ин ё он масъалаи хоҷагидории шаҳр ба онҳо кумак расонем. Аз пайи ҳар мактуб рафтану онро пайгирӣ намудан вақти зиёдро талаб намуда,   ташвишҳои дигарро  барои кормандони мо эҷод мекард.  Бахши «Хабарнигори ҷамъиятӣ» ин мушкили моро осон намуд»,- гуфт Парвизи Зубайдулло.

Мавсуф ҳамчунин иброз намуд, ки баъди пахши ҳар аксу  навори ба бахши мазкур воридгардида, масъулин вокуниш нишон дода,  камбудиву нуқсонҳои ҷойдоштаро   ислоҳ менамоянд.

         Рухсораи НУР

Октябрь 17, 2017 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад