Форуми байналмилалии иқтисодии «Данғара-2017» оғоз гардид

Октябрь 13, 2017 11:49

ДУШАНБЕ, 13.10.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба ифтихори  Рӯзи соҳибкорон, ки ҳамасола 14 октябр таҷлил мегардад, Форуми байналмилалии иқтисодии «Данғара -2017» ба кор оғоз намуд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ин ҳамоиш  иттилоъ дод, ҳадафи Форуми байналмилалии иқтисодии «Данғара-2017»  муаррифии иқтидор ва имконоти инвеститсионии вилояти Хатлон, бахусус  Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»  ба доираҳои соҳибкорону тоҷирони хориҷӣ ва ширкатҳои пуриқтидор мебошад.

Дар Форуми байналмилалии иқтисодии «Данғара-2017» намояндагони сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии  муқими Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ, олимон ва  250 нафар намояндагони доираҳои соҳибкорию тиҷоратӣ аз кишварҳои хориҷии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Афғонистон,  Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон иштирок доранд.

Аз ҷараёни баргузории ин форум маълумоти муфассал пешниҳод хоҳад шуд.

Форуми байналмилалии иқтисодии _Данғара-2017_ _1 Форуми байналмилалии иқтисодии _Данғара-2017 Форуми байналмилалии иқтисодии _Данғара-2017_ _2

Октябрь 13, 2017 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд