«Гулоб»-коргоҳи истеҳсоли консерва дар Файзобод. Ба истиқболи Рӯзи соҳибкорон

Октябрь 9, 2017 17:23

ФАЙЗОБОД, 9.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи дастгирии бахши хусусӣ, рушди соҳибкорӣ миёни бонувон, дастгирии соҳибкорони ҷавон ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ  диққати махсус зоҳир шуда, дар заминаи он лоиҳа ва барномаҳои махсус амалӣ карда мешаванд. Ҳоло дар ноҳияи Файзобод 4279 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, ки шумораи онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 231 нафар зиёд гардидааст. Дар ноҳия имрӯзҳо 567 нафар занони  соҳибкор тариқи патент, шаҳодатнома  ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ фаъолият доранд.
ҶДММ «Гулоб»-ро дар ноҳияи Файзобод Нуқра Ашӯрова роҳбарӣ мекунад. Ин коргоҳ аз тарафи падари Нуқра Ашӯрова соли 2004 ҳамчун коргоҳи  истеҳсоли таҷрибавии консерва  ташкил шуда, худи ҳамон сол 63 намуд маҳсулот ба фурӯш баровард.   Падари Нуқра Ашурова  дар ин коргоҳ 23 сол фаъолият намуда, сипас ба нафақа баромад. Нуқра аз нуздаҳсолагияш кори роҳбарии  коргоҳи хурди истеҳсолиро  ба уҳда мегирад.
Нуқра касби падарро идома дода, дар ин ҷода соҳибкори муваффақ гардид. Ӯ мегӯяд, ки «ман аз оғози кор  ба худам боварӣ доштам, ки аз уҳдаи кор мебароям. Барои зиёд гардидани таҷрибаи кориам дар якчанд тренингҳо иштирок намуда, донишҳои молиявию тиҷоратиамро такмил додам. Ман пайваста бозори истеъмолиро меомӯзам. Мушоҳида мекунам, ки завқи мардум  ба кадом намуди маҳсулот бештар аст  ва вобаста ба он  нақшаи истеҳсолиро ба роҳ мемонам».

Нуқра Ашӯрова   соли 2016 дар озмуни ҷумҳуриявии  «Бонуи соҳибкори сол- Ҷоизаи «Фараҳ-2016» иштирокчии ҷавон дониста шуда, сазовори ифтихорнома гардид.

Коргоҳи «Гулоб» дар баробари истеҳсоли консерва, инчунин  технологияи коркарди   гулу гиёҳҳои шифобахшро ба роҳ мондааст. Нуқра   мегӯяд, ки онҳо истеҳсоли мурабборо аз гулу гиёҳҳои шифобахш роҳандозӣ намудаанд. «Коргоҳи мо мавсимӣ аст ва мо дар фасли баҳор аз гули садбарг, настаран, нок, себ, себи биҳӣ, қарақот, олуи сиёҳ, тамашқ ва марминҷон барои муштариёнамон аз вилояти Суғд ва Бадахшон   мураббо истеҳсол менамоем. Хосиятҳои шифобахши ин маҳсулот дар қуттиҳояшон гуфта шудаанд».
Дар коргоҳи мазкур 7 нафар ба кори доимӣ таъмин буда,  то имрӯз барои мизоҷон 9000 қуттии шартӣ консерва истеҳсол намудаанд.

Сарвари коргоҳи «Гулоб» Нуқра Ашӯрова   ният дорад, ки истеҳсолотро  васеъ намуда, онро  ба корхонаи замонавӣ табдил диҳад ва соли 2018 нафарони зиёдро бо кор таъмин намояд.

Октябрь 9, 2017 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад