ХАЗИНАИ ТИЛЛОӢ. 27 октябр- Рӯзи умумиҷаҳонии мероси аудиовизуалӣ

Октябрь 27, 2017 14:45

ДУШАНБЕ, 27.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. ЮНЕСКО соли 2005 дар сессияи 33-юми худ қарорро оид ба эълон намудани 27 октябр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии мероси аудиовизуалӣ қабул намуд. Дар қарор таъкид карда мешавад, ки барои ҳифзу нигаҳдошти мероси аудиовизуалӣ кӯшишҳои махсус бояд равона шаванд ва ин кӯшишҳо набояд якҷонибаву дар доираи маҳдуд амалӣ карда шаванд. Маҳз ба ин хотир  ҳамасола қариб дар тамоми кишварҳои ҷаҳон тадбирҳои ба ин рӯз бахшидашуда ба паҳлӯҳои гуногуни мушкилоти дар ин соҳа ҷойдошта равона карда мешаванд.

Ба мероси аудиовизуалӣ филмҳо, барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ марбутанд. Бояд гуфт, ки паҳнкунии маълумот тариқи воситаҳои аудиовизуалӣ дар асри ХХ хеле маъмул гашт ва айни замон маҳз онҳо воситаи интиқолдиҳандаи маълумоти аввалиндараҷа маҳсуб мешаванд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари дигар кишварҳо мероси аудиовизуалӣ ҳифзу нигаҳдорӣ карда мешавад. Бо ин мақсад дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хазинаи тиллоӣ фаъолият мекунад, ки дар он ҳазорон оҳангу тарона ва садои ходимони давлатӣ, арбобони сиёсӣ ва шоирону нависандагони маъруфи тоҷик ҳифзу нигаҳдорӣ карда мешаванд.

Исматулло Саидов_ 27 октябр Тавре директори бойгонии     Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Исматулло Саидов зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, хазинаи тиллоии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун манбаи ягона ва бесобиқа барои таъмини бахшҳои калидии фарҳангиву илмӣ ба филмсозон, муаррихон ва донишмандону журналистон хидмат мекунад. «Бойгонӣ кори худро баҳри ҳифзу нигаҳдошти барномаву гуфторҳои радиоӣ, барномаҳои телевизионӣ, филмҳо, суруду таронаҳо ва тамоми маводе, ки кормандони радио ва телевизион эҷод намудаанду рӯйи навор овардаанд, ба роҳ монда, ҷиҳати ба наслҳои оянда расонидани ин ганҷинаи бебаҳои миллат саъю талош ба харҷ медиҳад», — иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Исматулло Саидов, дар шашмоҳаи аввали соли равон асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз Ориён то Сомониён», ки аз 126 гуфтор иборат аст, вориди хазинаи тиллоии радиои Тоҷикистон гардид. Он бо садои ровии шинохта Абдурашид Хуҷамқулов ба фиттаи овоз сабт карда шуд.

Дар Хазинаи овози радиои Тоҷикистон суруду таронаҳои устодони санъати тоҷик Акашариф Ҷӯраев, Аҳмад Бобоқулов, Ҳоҷӣ Аҳмадов, Туҳфа Фозилова, Барно Исҳоқова, Шоиста Муллоҷонова, Абдулло Абдураупов, Нуқра Раҳматова, Карим Қосимов, Орифшо Орипов, Маҳбуба Боҳирова, Зафар Нозим, Одина Ҳошим, Тоҷиддин Муҳиддинов, Кароматуллои Қурбон, Муқаддас Набиева, дар маҷмӯъ тамоми суруду таронаҳои чеҳраҳои намоёни санъати мусиқии тоҷик маҳфузанд.

Исматулло Саидов зимни суҳбат иброз дошт, ки муҳлати истифодаи ҳама маводе, ки ба Хазинаи тиллоӣ ворид шудаанд, абадӣ аст. «Имсол зиёда аз 300 суруду оҳангҳои тозаэҷод ва навоҳои мардумиву фолклорӣ, асарҳо аз эҷодиёти композиторони Тоҷикистон дар иҷрои дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ансамбли «Дарё», ансамбли эстрадии «Ориё», Ансамбли давлатии «Шашмақом», «Фалак», санъаткорони шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ, ки  дар ин муддат сабт шуда буданд, дар рафҳои Хазина ҷойгиранд. Қисме аз ин суруду таронаҳое, ки мо қабул кардем, хушбахтона, дар барномаҳои консертии ҷашнии ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор доштанд. Ин сурудҳо ҳамчун як саҳифаи таърихӣ зери ҳифзу нигоҳдошт қарор доранд»,-афзуд ӯ.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, соли равон кормандони бойгонии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши тоҷикии барномаҳои радиоиро пурра аз тарзи аналогӣ ба тарзи рақамӣ гузарониданд. Ҳоло ба гузаронидани мусиқии ҷаҳонӣ аз тарзи аналогӣ ба тарзи рақамӣ шурӯъ кардаанд. Дар зарфи 9 моҳи соли равон  1300 асари мусиқии хурду калонҳаҷм аз лентаҳои магнитӣ ба тарзи рақамӣ баргардонида шудаанд.  Ин ҳама таҳти унвони бахши «Мусиқии ҷаҳонӣ» дар Хазинаи тиллоии радиои Тоҷикистон маҳфуз мебошанд.

Дар мавриди фаъолияти Хазинаи видеоӣ дар Телевизиони Тоҷикистон И. Саидов гуфт: «Дар хазинаи видеоии филмҳо дар Телевизиони Тоҷикистон ҳоло  шумораи зиёди фиттаҳои дорои барномаҳои асил маҳфузанд ва онҳо ба идораҳои гуногуни телевизион тааллуқ доранд. Имрӯз мо филмҳои зиёди телевизионӣ, чун «Марги судхӯр», «Рустам ва Сӯҳроб», «Коваи оҳангар», «Ҳасани аробакаш» ва барномаю намоишномаҳои зиёдро дар ин хазина нигоҳдорӣ мекунем. Соли 2017 ба хазина зиёда аз 1189 адад фиттаҳо ворид шуданд, ки рӯйи он маҳсули кормандони эҷодии идораҳои мухталифи телевизиони Тоҷикистон сабт гардида, онҳо аллакай ба  тамошобинон пешниҳод шудаанд. Имрӯз мо барои ҳифзу нигоҳдошти онҳо тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳем дод».

Барномаву намоишҳои идораи «Ахбор» ва идораи барномаҳои сиёсӣ, ки  дар онҳо гузоришҳо ва сафарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он сабт шудаанд, низ дар хазина нигоҳдорӣ  карда мешаванд.

Директори бойгонии Кумита дар мавриди нақши Хазинаи тиллоии Кумита дар рушди фарҳангу санъати муосири тоҷик баён дошт, ки Хазинаи тиллоие, ки дар Радиои Тоҷикистон мавҷуд аст, дар ягон ташкилоти дигар вуҷуд надорад. Дар ин ҷо шурӯъ аз овози устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзи Турсунзода, Лоиқ Шералӣ то садои санъаткорони маҳбуби мо- Акашариф Ҷӯраев, Барно Исҳоқова, Туҳфа Фозилова, Шоиста Муллоҷонова, асарҳои  зиёди композиторони тоҷик Фозил Солеҳов, Зиёдулло Шаҳидӣ, Шарофиддин Сайфиддинов, Саид Ҳамроев, Фаттоҳ Одинаев, Қудратулло Яҳёзода ва дигарон мавҷуданд, ки асосан дар заминаи ҳамин мавод барномаҳои радиоиву телевизионӣ таҳия мешаванд. Агар ана ҳамин чизҳо набошанд, тартиб додани барномаҳо   ғайриимкон мегардад.  «Хушбахтона, мо заминае дорем, ки дар асоси он барномаву гуфторҳои ҷолибу гуногун таҳия созем. Ин гувоҳ аз нақши калидии Хазинаи тиллоии Кумита дар рушди фарҳангу санъати муосири кишвар аст»,-баён дошт И. Саидов.

 

Шаҳлои САДРИДДИН

Октябрь 27, 2017 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад