Идҳои Сада ва Меҳргон дар Тоҷикистон ба таври расмӣ таҷлил мегарданд

Октябрь 23, 2017 14:49

ДУШАНБЕ,23.10.2017/АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки ояндаи наздик вакилони Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид намоянд, ки тибқи он дар Тоҷикистон 15 октябр Иди  Меҳргон-Рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ  ва 30 январ Иди Сада ба таври расмӣ таҷлил мегарданд. Масъалаи мазкур 23 октябр дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Насриддинзода, раиси  Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар ҷаласаи Шӯро гуфт, ки ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» мутобиқ намудани қонуни амалкунанда ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ҷашн гирифтани «Иди Сада» ва «Иди Меҳргон ва рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ» мебошад.

Ҳамзамон тибқи тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи  рӯзҳои ид» минбаъд 26 октябр дар Тоҷикистон «Рӯзи судҳо» ҷашн гирифта мешавад, зеро тибқи Қарори иҷлосияи собиқ Президиуми Комитети Иҷроияи Марказии  Шӯрои  РСС  Тоҷикистон аз 26 октябри соли 1929  Суди Олии РСС Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуданд.

 

Октябрь 23, 2017 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд